МАОРИФ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТА ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

(чанд андеша дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 декабри соли 2023)
Паёмҳои Пешвои миллат ба Парлумони кишвар ва мардуми мамлакат яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳое аст, ки дар муддати сол ба тарзи фарогир дастовардҳои миллиро дар ростои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, илм, фарҳанг, маориф ва таъмини амнияти кишвар таҳлилу арзёбӣ карда, нақшаҳои соли минбаъдаро таҳия ва дар асоси онҳо дурнамои рушди ҷомеаи моро муайян месозанд.
Паёми имсола, ки дар таърихи 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, муҳтавои он бо назардошти мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад нигаронида шуда, соли сипригардидаро як соли бобарор барои кишвар арзёбӣ гардида, муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеаи тоҷикро дар ин давра инъикос ёфта, дурнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукуматро барои солҳои минбаъда мушаххас намуд.
Президенти муҳтарами кишвар ба тарзи ниҳодина ҳар бахши ҳаёти иҷтимоиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.Сарвари давлат дар Паём аз нигоҳи илмӣ ба таври дақиқ ва асоснок мақсаду маром ва тарзи амалигардонии нақшаҳои кори ниҳодҳои давлатиро ба миён гузоштанд.
Боиси қаноатмандист, ки Паём роҳҳои таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакатро аз ҷиҳати назариявӣ асоснок намуда, шароити амалӣ кардани онҳоро аз лиҳози мантиқӣ бо истинод ба усул ва роҳкорҳои таҷрибии иқтисодиёти ҷаҳонӣ, бо назардошти хусусиятҳои сифатӣ ва миқдории макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ кардаанд.
Лозим ба таъкид аст, ки роҳ ва василаҳои таъмини рушди рӯзафзуни ҷумҳурӣ баъди ба даст омадани истиқлоли давлатӣ аз ҷиҳати назариявӣ, бидуни шакку шубҳа, маҳсули хиради ояндабини Пешвои муаззами миллат аст.
Дар Паём роҳбари давлат қайд карданд, ки соли сипаришуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Қайд гардид, ки дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид.Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид.Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид.Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои охир дар кишвар сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд.Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.
Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд. Бо мақсади идома додани ин раванд Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд.
Дар идома Президенти кишвар ба таври муфассал соҳоти иқтисодии кишвар, аз ҷумла кишоварзӣ, энергетика, саноат, роҳсозӣ мавриди баррасии амиқ дар даврони соҳибистиқлолӣ қарор гирифтанд.
Нуктаи муҳими боварибахш дар Паёми Сарвари кишвар асоснок кардани нақшаҳои афзалиятноки иқтисодӣ мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, таъкид шуд, ки дар натиҷаи амалӣ кардани вазифаҳои дар ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат пешбинишуда рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар солҳои минбаъда ҳадди ақал бояд дар сатҳи 8 фоиз баланд бардошта шавад.
Мавриди омӯзиш ва андеша қарор додани суръати афзоиши аҳолии кишвар, таъмини ниёзҳои мардум, дар баробари ин, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволӣ ва рушди таъмини иҷтимоии мамлакат аз мавзӯъҳои рӯзмарраи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд.
Ба воқеият табдил ёфтани нақшаҳои бузурге, ки Пешвои миллат дар бораи онҳо ҳарф заданд, бешубҳа, метавонад сатҳ ва сифати зиндагии мардуми Тоҷикистонро бакуллӣ тағйир диҳад ва обрӯи давлати моро дар сатҳи минтақаву ҷаҳон баланд бардорад.
Яке аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки дар Паём ба он ишора шуд, ин давра ба давра беҳтар кардани вазъи зиндагии мардум ва батадриҷ бароварда кардани ниёзҳои аҳли ҷомеа, рушди соҳаҳои саноату хоҷагии қишлоқ тавассути афзудани истеҳсоли молу маводи ватанӣ, ҳамчунин кам кардани ҳаҷми воридот буд. Яъне чун ҳамеша, меҳвари асосии Паёми имсола – давра ба давра боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум дониста шуд. Дар ин росто хотирнишон карда шуд, ки дар натиҷаи тақсими замин як миллиону чорсад ҳазор оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ имконият пайдо намуданд ва ба ҳисоби миёна беш аз 7 миллион нафар сокинони кишвар шароити манзилиашонро беҳтар кардаанд. Барои муқоиса ва хулосабарорӣ гуфта шуд, ки дар 70 соли замони Шӯравӣ ҳамагӣ 70 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ ба мардуми эҳтиёҷманд тақсим карда шуда буду халос. Маҳз даврони Истиқлолияти давлатӣ шароити созгори инкишоф ва рушди кишварро фарҳам овард ва замин ба соҳиби аслии худ – деҳқон баргардонида шуд. Ин аст, ки деҳқонони мамлакат дар замони нав бо шароити нав мутобиқ шуда, дар доираи хоҷагиҳои фермерӣ ба рӯёнидани ҳосили фаровон машғуланд.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати татбиқи стратегияи аз бунбасти комуникатсионӣ баровардани малакат ва барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунинба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем. Дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо, инчунин, Тоҷикистон – Чин – Покистон истифода хоҳанд шуд.Ба ин мақсад, Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро лоиҳакашӣ ва барои ҷалби сармоя пешниҳод намояд. Мо тасмим гирифтаем, ки бо амалисозии ҳадафҳои муайянкардаамон дар панҷ – шаш соли оянда ҳамаи роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мамлакатро ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонем. Яъне бунёди роҳҳои муосир дар ояндаи наздик ба мо имкон медиҳад, ки ба ҳадафи стратегиамон – ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ноил шуда, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии халқамонро таъмин намоем.
Дар шароите, ки талаботи аҳолӣ сол ба сол ба неруи барқ меафзояд, қонеъ кардани ин навъ талабот барномарезиҳои мушаххаси давлатиро тақозо менамояд. Хушбахтона, сохтмон, тармиму таҷдид ва навсозии неругоҳҳои барқи обӣ боиси бо қувваи барқи ватанӣ таъмин гардидани аҳолии мамлакат гардидааст. Ҳамчунин, дар масъалаи таъмин кардани корхонаҳои саноатӣ бо неруи барқ мушкил ҷой надорад. Аммо мушкили асосӣ талафоти неруи барқ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошад.
Президенти кишвар масъалаи стратегии расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ дар даврони соҳибистиқлолро мавриди баррасӣ қарор дода, қайд карданд, ки дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Дар ин давра танҳо барои азнавсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда беш аз 11,3 миллиард сомонӣ равона гардида, неругоҳи барқи обии «Сарбанд» пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд карда шуд. Инчунин, таҷдиди неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум» бомаром идома дошта, баъди ба анҷом расидани корҳо иқтидори онҳо, дар маҷмӯъ, 423 мегаватт афзоиш меёбад.Нуктаи муҳим ин аст, ки неругоҳҳои зикршуда баъди азнавсозӣ ба мардуми Тоҷикистон боз даҳсолаҳои дигар хизмат хоҳанд кард.Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти фаровонии захираҳои гидроэнергетикӣ, иқтидори бузурги истеҳсоли «энергияи сабз» ва содироти он, дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.Соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт – соат ё 28 фоиз зиёд мебошад. Дар ин замина барои ниҳоди энергетикии кишвар дастурҳои мушаххас ироа намуданд ва зикр карданд, ки бо амалисозии тадбирҳои зикршуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад.Ҳоло кишвари мо аз рӯйи фоизи истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон дар ҷойи 6-ум қарор дорад.
Пешвои миллат ба масъалаи саноатикунонии мамлакат дар ин Паём низ эътибори махсус доданд. Таъмини рушди устувори иқтисодӣ, аз ҷумла сохтани корхонаҳои саноатӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, бунёди шароити беҳтари инфрасохторӣ дар ин соҳаҳо аз вазифаҳои муҳими давлатӣ дониста шуд. Гузашта аз ин, Сарвари давлат таъкид карданд, ки дунбол кардани ҳадафи чаҳоруми стратегии давлат — саноатикунонӣ ба ҳадафи стратегии давлати миллӣ дар чанд соли ахир табдил ёфтааст. Аз ин ҷост, ки ба кишвари саноатӣ ё ба истилоҳ, индустриалӣ табдил додани кишвар аз кормандони сохторҳои давлатӣ, махсусан блоки иқтисодии Ҳукумат масъулият, касбият, фаросат, фазилат, донишу маҳорат ва ҳимматро тақозо мекунад. Дар зимн, силсилаи тадбирҳое, ки тайи чанд соли ахир дар самти сохтмони корхонаю иншоотҳои саноатӣ дар гўшаву канори ҷумҳурӣ анҷом мегиранд, ҳадафи стратегии давлатро, ки дар Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 инъикос ёфтааст, таҳаққуқ мебахшанд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, мо солҳои 2022 – 2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намудем ва ҷиҳати амалисозии ин иқдом тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд.Танҳо дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст.Бо вуҷуди ин, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд доранд.
Сарвари давлат рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии онро бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон ҳисобида, қайд намуданд, ки вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат илму маорифро пойдевори низоми давлатдории дунявӣ хонданд. Ба ин далел, тазаккур доданд, ки давлат ва миллат бидуни илму маориф ҳеҷ аст ва ҳузури фаъоли маорифчиёну зиёиён, ки муаррифгари давлат ва миллатанд, дар умури сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ амри бебаҳс аст. Бахусус авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.
Пешвои миллат таъкид намуданд, агар соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад,ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 600 ҳазор нафар расидааст ва тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад.Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад.
Дар идома ба таври муқоиса зикр гардид, ки агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст.Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст.Зеро ҳанӯз 73 ҳазор хонанда бе ҷойи нишаст мемонад.
Сарвари мамлакат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад.Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд.
Дар ин замина таъкид карда шуд, бояд рушди иқтидори илмии муассисаҳои зикршуда, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад.Вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, уҳдадоранд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намоянд.Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намояд.
Ҳамчунин ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда таъкид гардид, ки дар раванди амалисозии лоиҳа муҳити мусоид барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии насли нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шавад. Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад.
Сарвари давлат ба он ишора фармуданд, ки раҳбарияти маорифи кишварро зарур аст, сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардорад. Ҷалби наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеию илмӣ ва таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои табииию риёзӣ ки аз мушаххасоти давр ва ҷаҳони муосир аст, таъмин намоянд. Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда аз ҷониби Сарвари мамлакат муҳим арзёбӣ гардида,дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш дода доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.
Сарвари давлат зимни барраси масъалаи сиёсати хориҷӣ таъкид варзиданд, ки кишвари мо аз ибтидои соҳибистиқлолӣ “Сиёсати дарҳои боз” ро пеша намуда ба тамоми кишварҳои ҷаҳон дар доираи манфиатҳои миллии хеш муносибат менамояд. Дар ин замина таъкид гардид, ки таҳлил ва бозшиносии равандҳои муосири сиёсӣ имкон фароҳам меоварад, ки ҷомеа ва давлат аз хатарҳои минтақавӣ ва глобалӣ эмин бошанд. Аммо мушкил ин ҷост, ки падидаҳои номатлуб ва ғайриинсоние монанди бунёдгаройӣ (фундаменталитзм), ифротгаройӣ (экстремизм), тундгаройӣ (радикализм) ва натиҷатан, даҳшатафканӣ (терроризм)-и динӣ-мазҳабӣ фазои фарҳангӣ ва маънавии мамолики Шарқи мусулмониро фаро гирифта, роҳи бурунрафтро аз ҳар тараф бастаанд. Падидаҳои мазкур, ки зоидаи «табъу истеъдод»-и ҷаҳолатмаобони давранд, ҳамеша аз ҷониби қудратҳои бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ шуда, вазъи куллиро дар манотиқи гуногуни шарқӣ, бавижа, шарқи мусулмонӣ ноҷур месозанд. Сухан сари ин аст, ки фарҳангҳои миллию бумӣ дар ҷараёни ташаннуҷи ифротгаройӣ ва тундгаройии динӣ таҳти хатари азим гирифтор шуда, дар садади нобудӣ қарор мегиранд.Махсусан дар ҳамсоякишвари Афғонистон сари қудрат омадани гуруҳи терористии Толибон минтақаро хатарпазир гардонида аст. Тоҷикистон дар ин росто, кишварест, ки дарозтарин сарҳадотро бо кишвари Афғонистон дорад. Ин аст, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паём масъалаи манофеи миллиро ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рўзҳои нахустини давлатдории тоҷикӣ ҳадафи меҳварӣ маҳсуб меёфт, ба самъи ҳозирин расонида, дар ин замина, таъкид дошт, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми саъю талошро баҳри ба сатҳи кишварҳои мутамаддини ҷаҳонӣ расонидани ҷумҳурӣ анҷом медиҳад ва дар ин кор саҳми мардуми шарифи Тоҷикистон бисёр бузург хоҳад буд.
Ба ин тартиб, Сарвари давлат ҳадафи стратегии давлатро дар Паёми имсола мисли солҳои қаблӣ дар таъмин намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод намуданд ки:
– аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.
– аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд;
– инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад;
Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Барои ба вуҷуд овардани шароити арзандаи зиндагӣ, пеш аз ҳама, боло бурдани масъулияти хизматчиёни давлатӣ зарур аст ва ин нуктаро Сарвари давлат на як бору ду бор, балки дар ҳар як Паём сареҳан таъкид мекунад ва дар ин Паём ҳам, масъалаҳои масъулиятписандӣ, кордонӣ, ташкилотчигӣ, муоширати хуби корӣ, одоби сазовори хизматчии давлатӣ, расидагӣ ба мушкилоти мардумӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мардумӣ, самаранокии мудирияти давлатӣ ва амсоли инҳо матраҳ гардид. Ногуфта намонад, ки тақвияти сармояи инсонӣ, даст ёфтан ба нишондодҳои зарурии макро ва микроиқтисодӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва миллӣ, рушди бемайлони илму маорифи ватанӣ, пайвастан ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ, дарёфти истеъдодҳои нодири миллӣ дар бахшҳои гуногуни илму маориф, бавижа, дар илмҳои табиӣ-риёзӣ ва амсоли инҳо самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҳамин тариқ, дар Паём самтҳои ҳаётан муҳими рушди иқтисодӣ иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат мавриди таҳлилу арзёбии коршиносона қарор гирифт. Аз инҷост, ки Паёми Пешвои миллат дурнамои рушди давлатдории мост ва дар он нақшаҳои муҳимтарини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дақиқу аниқ муайян шудаанд. Шоиставу боиста аст, ки ин ҳуҷҷати раҳнамо ва тақдирсоз, ки бар мабнои тозатарин нишондодҳои илмию ихтисосӣ таҳияву коркард шудааст, ба унвони мадраки муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва маданӣ мавриди омӯзишу пажӯҳиши коршиносон ва ниҳодҳои илмиву пажӯҳишии кишвар қарор бигирад.
Исомиддин ШАРИФЗОДА,
Мудири кафедраи фанҳои гуманитарии ДТТ