РАМЗИ БАҲАМОИВУ ВАҲДАТОФАРӢ

Тамоми давлатҳои дунё барои муаррифии худ ҳамчун давлат дар арсаи байналмилалӣ аз Парчами миллии худ истифода менамоянд, ки шарти асосии ҳамчун давлати алоҳида эътироф гардидани онҳо дар ҷаҳон аст. Парчам пеш аз ҳама рамзи баҳамоиву ваҳдатофарӣ мебошад. Парчами давлатӣ қудрати сарчамъ намудани миллат, ташаккули ваҳдату ягонагӣ, иттиҳодду ҳамраъйиро дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли таърих вобаста ба тағйирёбии вазъи сиёсию ҳудуд ҳамеша соҳибпарчам буд. Пажӯҳишҳои таърихнигорон далели он аст, миллати тоҷик дар ҳама давраҳои таърихӣ Парчами худро дошт, ки бо чунин номҳо баён намудан мумкин аст:
Дирафши давлати Каёниён (Дирафши Ковиён);
Дирафши империяи Ҳахоманишиён;
Дирафши давлати Ашкониён;
Дирафши давлати Сосониён;
Дирафши давлати Сомониён;
Дирафши давлати Ғуриён;
Парчами Аморати Бухоро;
Байрақи Ҷумҳурии мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон;
Байрақи Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон;
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил Парчами давлатии худро дорад, ки дар замири ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муҳаббати ватандорӣ, хештаншиносӣ, якмаромиро афзун менамояд. Ҳамасола, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 24 – уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, як таккони ҷиддие дар рӯҳияи мардуми тоҷик нисбат ба худшиносӣ ва рӯҳияи баланди миллӣ доштан медиҳад. Дар Парчами давлатии мо тоҷикон, ки хуни ниёгон нуҳуфтааст, ба наслҳои имрӯзаю оянда баёнгари дорои таърихи ғанӣ ва гузаштаи давлатдору давлатсоз будани миллати тоҷикро ифода менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолият Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ ва тамоми давлатҳои дунё партавафшон аст. Иқдомҳои ҷаҳонии Пешвои миллат Парчами давлатии моро бо ифтихор дар ҷаҳон баланд мебардорад, ки боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист. Баробари баланд гардидани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вуҷуди ҳар тоҷик ҳисси баланди миллӣ, худшиносӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги гузаштаю имрӯзаи миллати худ ҷуш мезанад.
Ҳамасола таҷлил гардидани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як таккони ҷиддие дар ташаккули рӯҳияи миллии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Вақте Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд мегардад, нашкастани будани ғурури тоҷиконро ифода менамояд. Нангу номуси ватандорӣ, соҳибистиқлолу соҳибихтиёр будани давлати тоҷикон дар Парчами давлатӣ ва партавафшон будани он ифода мегардад.
Ҳар гоҳе тоҷике дар ҷаҳон дастоварде ба даст меорад ва бо баланд намудани ин муқаддасоти миллӣ ифтихор аз ҳастии худ мекунад, дар замири ҳазорҳо тоҷику тоҷикистонӣ ҳиссиёти баланди давлатдорӣ падидор мегардад. Парчами давлатии мо ҳамеша нишони обрӯ, эътибор, ғурури миллии мо, истиқлолу ваҳдати мо буду мемонад.
Ҳастии миллати тоҷик ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷовидон бод!
АБДУМУМИНЗОДА Ситора,
Номзади илмҳои педагогӣ,
Муовини ректор оид ба тарбияи ДТТ.