НАҚШИ БОНУВОН ДАР ҲИФЗИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ ВА ПЕШГИРИИ БЕГОНАПАРАСТӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳои худ доир ба аҳамияти либоси миллӣ ва нақши бонувон дар ҳифзу тарғиби он таъкид менамоянд. Пешвои миллат, ки хирадмандона ва дурбинона муҳимияти ин масъаларо барои мо бонувони Тоҷикистон ёдрас менамоянд, ҳар яки мо бояд нисбати ин масъалаи муҳим масъулиятро ҳис намоем ва саҳми худро дар ҳифзи либоси миллӣ гузорем.
Либоси миллӣ муаррифгари фарҳанги миллӣ ва нишоне аз таъриху фарҳанги гузаштаю имрузаи ҳар як миллат аст. Тамоми миллатҳои дунёро аз либоси ба бар намудаашон зуд шинохтан мумкин аст. Ҳар нақши либоси миллӣ аз таърихи миллатҳо нақл мекунад. Чуноне, ки ороиши либоси миллии мо тоҷикон чакан баёнгари фарҳанги тамаддунофари мост. Барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва худшиносӣ ҳифзи либоси миллӣ муҳим мебошад.
Бонувонон тарғибгари асосии либоси миллӣ мебошанд. Ҳар бонуи тоҷик вақте, ки аҳамияти либоси миллиро дарк менамояд, ҳеҷ гоҳ ба бегонапарастӣ роҳ надода, эҳтиром ба либоси аҷдодии худ мегузорад ва ҳаргиз пироҳани бегонаро сазовори тани худ намедонад. Бешубҳа имрӯзҳо либоси миллии мо тоҷикон дар ҷаҳон мавқеи худро дорад ва бо зебогию аҳамияти таърихии худ таваҷҷӯҳи тамоми дунёро метавонад ба худ ҷалб намояд. Бегонапарастӣ дар пӯшидани либос миёни бонувон баёнгари надонистани аҳамияти либоси миллӣ, аҳамияти он дар муаррифии миллат мебошад. Бонувони худшинос ҳаргиз либоси бегонаро ба бар наменамоянд. Бо либоси бегона, ки ҳаргиз муаррифгари миллати мо буда наметавонад ифтихор намекунанд.
Муҳимияти либоси миллӣ пеш аз ҳама дар он аст, ки барои ягонагии давлату миллати худро ҳифз намудан, бояд ҳамаҷониба тоҷикона намоён бошем. Тоҷиконанд либос пӯшем, тоҷикона ҳарф занем, тоҷикона рафтор кунем. Ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки тоҷик дар таърих як миллати бузург буд ва ин бузургии худро то имрӯз ҳифз кардааст. Аз хурди ба ҷавондухтарон аҳамияти либоси миллиро бояд фаҳмонем, ба тоҷикона пӯшидан онҳоро одат кунонем. Ҳар як миллатро аз руйи либосаш зуд мешиносанд ва бо як дидан миллаташро аз либосаш муаян менамоянд.
Бегонапарастӣ, ки аз ноогоҳӣ ва нодони аст, аз хурдсолӣ ба наслҳои имрӯзу ояндаи мо фаҳмонида шавад. Вобаста ба ин бисёр хуб аст:
– ташкили чорабиниҳои гуногун доир ба аҳамияти либоси миллӣ дар боғчаҳо, мактабҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ ба монанди литсей, коллеҷу донишгоҳҳо;
– таъсис ва нашри рӯзномаи алоҳида бо унвони “Тоҷикона мепӯшам”;
– нашри китобҳо оиди либоси миллӣ;
– танзими нуқтаҳои фурӯши либос;
– корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар маҳалҳо.

 

ШОҲЗОДА, Назира Изатулло,
Мудири бахши кор бо занон ва духтарони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.