НАҚШИ_ҶАҲОНБИНӢ_ВА_АВЛАВИЯТИ_ШИНОХТИ_МАНФИАТИ_МИЛЛӢ

(Дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов «Эҳёи миллат- бақои давлат», рӯзномаи «Ҷумҳурият», №171(24782) аз 24.08.2023)
Инсон дар паҳнои ҳастӣ ягона мавҷуди соҳибхирад ва соҳибшуурест, ки дар дарозои мавҷудияти хеш вобаста аз вазъиятҳои ба вуҷудомада вокуниши хешро тавассути ақлу шуур бо роҳи тадбирандешӣ ба миён гузоштааст. Аз ҷониби дигар инсон мавҷуди иҷтимоиест, ки танҳо дар доираи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва маънавиёти ҳукмрони ҷомеа раванди иҷтимоишавии хешро гузаронида, ба меъёрҳои иҷтимоии он ҷомеа мутобиқ мегардад, ҳамчун шахсият такомул меёбад ва ба дараҷаи инсони иҷтимоии комил мерасад. Ба тарзи дигар, шакли иҷтимоии зиндагӣ хос ба инсону инсоният аст.
Ҳамин будааст, ки дар дарозои таърих инсонҳо дар шакли умумиятҳои хунӣ аз қабили оила ва авлоду қабила, инчунин дар шакли умумиятҳои марзию фарҳангӣ дар шакли этнос, қавму халқ ва ниҳоятан дар дараҷаи миллат ташаккул ёфтаанд. Агарчи бомдоди зиндагии башар зиндагонии давоми ҷангалу ваҳшоният бошад, баъдан бо ташаккулёбии умумиятҳои иҷтимоии сатҳи болотар, аз ҷумла, халқ ва миллат шаклгирии давлат ҳамчун зуҳуроти сиёсӣ ва ифодагари ҳамзистии умумии инсонҳо дар як низоми муайян ба миён омадааст.
Даврони навини ташаккулёбии давлатдориро дар ҷаҳон, ки маҳз пас аз даврони эҳёи Аврупо қарнҳои 14, 16-уми мелодӣ сурат гирифт, навъи нави давлат-миллатҳо ташкил медиҳанд. Маҳз ба миён омадани давлат-миллатҳо, ки шохиси асосии онро дунявияти ҷомеа ва манфиати миллӣ таъмин менамуд, боиси зуҳури давлатҳои имрузӣ дар Аврупо ва баъдан дар саросари ҷаҳон гардидааст. Имрӯз ҳам давлатҳое, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз назари қудрат ва бартарӣ ҳарфи аввалро баён мекунанд, давлату миллатҳоеанд, ки такя ба ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявият менамоянд, аз ин роҳ барои ҳифзу бақои манфиатҳои миллии худ ҳамеша тадбир меҷӯянд ва онҳоро дар авлавияти арзишҳои сиёсию иҷтимоии хеш қарор медиҳанд.
Вобаста ба муқаддимаи боло мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ, профессор С.Ятимов дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», № 171(24782), аз 24 августи соли 2023, таҳти унвони «Эҳёи миллат – бақои давлат» ба нашр расид, ки муаллиф дар он паҳлуҳои мухталифи масъалаи гузошташударо аз диди сиёсатшиносӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва фалсафию оянданигарӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Мақолаи мазкур аз муқаддима, хулоса ва 5 бахш иборат аст, ки тамоми ҷузъиёти масъалаҳои эҳёи миллат ва бақои давллат дар он мушикофона мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Мо дар ин мақола танҳо рӯи ду бахши он тамаркуз менамоем.
Дар муқаддима гузориши масъала баён шудааст, ки дар он 3 масъалаи калидию сарнавиштсоз барои ҳар миллату давлат, аз ҷумла, арзёбии нақши давлат, таҳаввулоти таърихӣ ва муосир дар масъалаи ҷаҳонбинӣ ва категорияи манфиат, ки ҳар се ҷавҳари мавҷудияти ҳар давлат-миллатро ташкил медиҳанд, масъалагузорӣ шудаанд.
Дар қисмати аввал муаллиф таносуби давлат ва масъалаҳои ҷаҳонбиниро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Шояд ин ҷо як суоле ба миён ояд, ки чаро муаллиф аз масъалаи давлат ва ҷаҳонбинӣ оғоз менамояд? Ё давлату ҷаҳонбинӣ чи иртиботе бо ҳам доранд? Воқеан масъалагузории муаллиф дақиқ ва воқеънигорона буда, ҳар навъи давлат пеш аз ҳама дар асоси ҷаҳонбинии мардуми он марзу бум сурат мегирад ва ташаккул меёбад. Гап дар сари он аст, ки ҳар давраи таърихӣ аз рӯи маънавиёт ва фаҳму дарку шинохту баррасии олами ҳастӣ ҷаҳонбинии хоси худро дорад, ки он ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, аз муносибатҳои одии ахлоқӣ сар карда, то муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад. Ҷаҳонбинӣ пеш аз ҳама маҷмӯи ақидаҳо, шинохт, арзёбиҳо дар мавриди кистии инсон ва чистии ҷаҳон аст, ки он дар амалу рафтор ва зиндагонии рӯзмарраи инсонҳо ифода меёбад. Вобаста аз дарку фаҳми ҷаҳон дар фалсафаи муосир се типи таърихии ҷаҳонбиниро дастабандӣ менамоянд: асотирӣ, динӣ ва фалсафӣ.
Вобаста ба анвои ҷаҳонбиниҳои зикршуда, навъҳои давлат низ шакл гирифтаанд ва вобаста аз шинохти давраҳои ташаккули давлат назарияҳои гуногун ба вуҷуд омадаанд. Аз ҷумла, вобаста аз ба таври механикӣ муттаҳид шудани авлоду қабилаҳо дар ҷомеаи ибтидоӣ фаҳмиши давлат мисли як оилаи бузург, ки дар он муносибатҳои синфи ҳокиму одамон ба муносибатҳои падару фарзандӣ шабоҳат доштаанд, баррасӣ мегардад.
Вобаста аз даврони ҷаҳонбинии динӣ таълимотҳои теологии фаҳмиши давлат ба вуҷуд омадаанд, ки давлатро ҳамчун ҷисми офаридаи илоҳӣ баррасӣ менамуданд.
Дар марҳилаи ҷаҳонбинии илмӣ, ки пас аз Даврони Эҳё сурат гирифт, давлатро на ҳамчун падидаи дорои хусусияти мовароӣ ва қудсӣ, балки ҳамчун низоми иҷтимоие, ки фаъолият муносибатҳои одамон, умумиятҳои иҷтимоӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро муташакил сохта, онҳоро ба самти зарурӣ равона намуда, назорат менамояд, фаҳмида мешавад.
Ҳақ ба ҷониби муаллиф аст, ки вазифаи асосии давлатро дар таъмин намудани зиндагии осоиштаи ҷомеа дар асоси диференсиатсияи тақсимоти салоҳият, таъйини меъёрҳои ҳуқуқ ва вазифаҳо медонад. Инчунин вобаста аз фаҳмиши имрӯзии илми сиёсатшиносӣ мафҳуми давлатро ҳамчун мафҳуми воқеӣ, объективӣ ва илмӣ баррасӣ менамояд, ки он дар фазо ва вақт ба сифати организми зинда зуҳур мекунад. Онро дорои хосияти яклухтӣ, мухторӣ ва озодманишӣ арзёбӣ менамояд.
Дар идома муаллиф меафзояд, ки мавҷудияти давлат ҳамзамон аз чанд омили муҳим вобаста мебошад, ки бо инкор кардану зери шубҳа гузоштани яке аз онҳо система ё сохтори давлат дар умум фалаҷ мегардад ва чун организми мураккаби ҷомеа рӯ ба шикаст меорад.
Ин гуна таҳлили муаллиф такя ба назарияи функсионалистии ҷомеа аст, ки давлат дар он нақши асосиро анҷом дода, маҷмӯи функсияҳоро назорат мекунад ва ба ҳолати дисфунксия гирифторшавии ҷомеаро пешгирӣ менамояд. Дар ин ҳолат нақши ҷаҳонбинии афроди ҷомеа ниҳоят муҳим аст. Ин ба он маъност, ки ҳар миллат ва ҳар кишвар давлати миллии худро дар чавкоти сатҳи маънавиёт, дониш, огоҳӣ ва хирад созмон медиҳад ва онро устувору қавӣ мегардонад. Яъне ҳар қадар афроди миллат дорои ҷаҳонбинии илмӣ ва дарки баланди худшиносӣ бошанд, ҳамон қадар пояҳои давлат устувор гардида, раванди рушди миллӣ таҳким меёбад.
Муҳимияти ҷаҳонбинӣ дар шинохти давлат ҳамчун низом (система) ва ҳамчун маҷмуи функсияҳои ба ҳам алоқаманд дар он ифода мегардад, ки агар фарди дар низом амалкунанда масъулияти иҷтимоӣ надорад ва он дар равиши иҷрои функсияҳои иҷтимоӣ, на ба илму дониш, балки ба бовару тавакал такя мекунад. Иҷро нашудани функсияҳояшро на ҳамчун кирдори хилофи меъёрҳои пешрафт (қонун) ва фориғболиву каммасъулиятии фардиаш, балки амри сарнавишт медонад. Ин ҷо бояд дар назар дошт, ки ҳар фард дорои ду навъи функсия аст: яке функсияи камранг (масалан, як фард падар аст, ё ҳамсар ин дар доираи як оила шинохта мешавад), дигаре функсияи возеҳ, ки он дар ин ё он соҳаи иҷтимоӣ аз рӯи нақши иҷтимоӣ амал менамояд. Дар ҳар ду ҳолат ҳам иҷрои комилӣ ё нокомилии нақши иҷтимоии фард ба навъи ҷаҳонбинии ӯ вобаста аст. Вобаста ба ин, навъи таҳлил ва шинохт ҳар қадар дар ҷомеа афрод новобаста аз мақоми иҷтимоӣ функсияҳои худро дуруст огоҳона ва масъулиятшиносона анҷом диҳанд, ҳамон қадар баданаи иҷтимоӣ қавӣ гардида, давлат тавоно мешавад, рушд мекунад ва имкониятҳои мавҷудаи хешро барои пешрафт равона месозад. Баръакс, ҳар қадар дар ҷомеа ҳолати дисфунксия ба амал ояд, ҳамон қадар монеаи рушд бисёр шуда, ҳараҷу мараҷ ба вуҷуд меояд ва низоми давлат дар баробари таҳдиду хатароти дохиливу берунӣ муқовиматпазирии худро гум карда, фано мешавад.
Воқеият ин аст, ки вақте ҷаҳонбинии сиёсии аҳли ҷомеа ба дарки ҳақиқати ҳаёти давлатдорӣ, ташаккули муносибатҳои шаҳрванд ба сохти сиёсӣ тавассути арзишҳои бунёдии он ҳамчун муҳимтарин воситаи ба танзим даровардани муҳтавои алоқамандии давлат ва ҷомеа дар доираи ҳуқуқ ва вазифаҳои якдигар набошанд, ҷудоӣ байни давлат ва гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ба вуҷуд омада, дар натиҷа халои сиёсиро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, муаллиф таъкид менамояд, ки боло бурдани ҷаҳонбинии сиёсии аҳли ҷомеа дар мавриди шинохти давлати миллӣ, ки маҳз ба хотири он кишвар номгузорӣ шуда, он аз натиҷаи изҳори озодӣ, иродаи халқ бо кулли имконоти ҳуқуқ ва уҳдадории интихоб, коркард, пуштибонӣ ва пешбурди ҷаҳонбинии мувофиқ ба низоми конститутсионӣ ба амал омада аст. Дар ин маврид «хунукназарӣ, духурагӣ, саҳлангорӣ дар мавриди муайян намудан ҳимоя ва амалкарди ҷаҳонбинии сиёсӣ маънои ба буҳрон ворид кардани давлат ва зери суол бурдани онро дорад, ки инро таҷрибаи байналхалқӣ ҳам исбот мекунад». Хулоса, дар ин бахш муаллиф таносуби байни давлат ва масъалаҳои ҷаҳонбиниро мавриди муҳокима қарор дода, ба натиҷае мерасад, ки бояд ҷаҳонбинии сиёсии аҳли ҷомеаро ба воқеияти давлатдории миллӣ ва дунявӣ ҳамоҳанг намояд. Аз тарафи дигар халои сиёсӣ байни давлат ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, пурра ва ё ба охир анҷом наёфтани функсияҳои ҳар сохтор метавонад системаи сиёсиро ба буҳрон мувоҷеҳ намуда, онро ба парокандагӣ оварда расонад.
Бахши дигари ин рисола «дарки воқеии манфиат» унвон гузошта шудааст. Ин ҷо пурсише ба миён меояд, ки мафҳуми манфиат чӣ иртиботе ба давлат эҳёи давлатдорӣ ва шинохти миллат дорад? Агар аз назари ҷомеашиносӣ ва равобити иҷтимоӣ мо тамоми масоили ба ҳар фард ва гурӯҳҳои иҷтимоии алоқамандро баррасӣ намоем, пас дармеёбем, ки ҳар фард ва ё ҳар як гурӯҳи иҷтимоӣ дорои манфиати фардию гурӯҳӣ аст, ки пеш аз ҳама ин манфиатҳо барои қонеъ намудани маҷмӯи ниёзҳои фардӣ ва иҷтимоӣ зуҳур мекунанд.
Тавре дар боло ишора кардем, давлат миллатҳои имрузӣ ҳар кадоме дар доираи манфиатҳои миллӣ устувор аст, ки инҳо пеш аз ҳама ҳамчун фарогирандаи манфиатҳои умумӣ ва ҳаётан муҳими афроди ҷомеа ба вуҷуд омадаанд. Дар ин шинохт мавҷудияти давлати миллӣ танҳо бо назардошти ҳимояти манфиатҳои миллӣ метавонад устувор ва побарҷо бимонад. Агар давлат ҳамчун системаи сиёсӣ наметавонад манофеи миллиро дар авлавияти кори худ қарор диҳад, он ҳатман осебпазир ва ба ҳараҷу мараҷ гирифтор мешавад. Дар ин хусус муаллиф дақиқназарона қайд мекунад, ки агар давлат ба номи миллат арзи вуҷуд дошта бошад, дар маҷмӯъ муҳтаво ва мундариҷаи ҷаҳонбинии мардум чанд ҳиссаи манфиатҳои миллӣ (хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, эҳсоси садоқат ба ватани аҷдодӣ ва ҳимоят аз он тамаддун ва фарҳанги миллӣ, анъана, урфу одат ва расму русуми миллӣ) ифода мекунад? Вобаста ба ин гуна масъалагузорӣ муаллиф гурӯҳҳо ва табақаҳои сиёсӣ, алалхусус онҳое, ки ҷаҳонбинии таассубию хурофотӣ доранд ва мардумро ба раҳгумиву ғафлатзадагӣ савқ медиҳанд ва ҷаҳонбинии миллиро нодида гирифта, бо дидгоҳи хурофотию эҳсоси бегонапарастӣ дар ҷомеа фаъолият менамоянд, як навъ номутаносибии ҷаҳонбинии ин дастаро бар зарари меъёрҳои конститутсионӣ ва давлати миллӣ дониста пурсиши “чӣ бояд кард” – ро мегузорад.
Ҷавоби ин суолро муаллиф дар шинохти мафҳуми манфиат баррасӣ мекунад ва мутмаин аст, ки: «Дар доираи фаҳми категорияи манфиат ҳар қадар дур рафтан фосила гирифтан аз арзишҳои иқтисодӣ, моддӣ, молӣ, материалӣ, заминӣ, воқеӣ ҳамон қадар маънои наздик шудан ба камхирадӣ таассуб, раҳгумзадагӣ, дуруғ ва фиребро дорад». Вақте ин овардаи муаллифро таҳлил мекунем ба натиҷае мерасем, ки муаллиф аз паст будани сатҳи ҷаҳонбинии миллӣ ва илмии баъзе аз гуруҳҳои иҷтимоӣ, ки онҳо бовару тасаввури худро айни ҳақиқат қарор медиҳанд аз кадом манфиат дифоъ мекунанд ва чунин як ҷаҳонбинии куркурона то куҷо метавонад фардро хушбахт созад ва ё аслан афроди муайянро чунин эътиқодмандӣ ба гумроҳӣ то террористу худкуш шудан ва ба завқи чашидани «шаҳди шаҳодат» раҳнамун месозад. Агар ба тарзи дигар овардаи муаллифро шарҳу тавзеҳ намоем як нафаре, ки дар он ҷаҳонбинии илмӣ рушд накардааст ва он дар шинохти манфиати миллӣ кутоҳӣ мекунад ва боварҳои содаи худро бар манофеи миллӣ тарҷеҳ медиҳад, на ба манфиати миллат ва пойдории ҷомеа, балки баръакс ба бебанду бор кардани ҷомеа ва заъфи давлати миллӣ оварда мерасонад. Муаллиф сабаби асосии бархурдҳои байни мусалмонон ва онҳоро дар ҳоли ғуломӣ, дастнигарӣ ва мутеъ будан, ҷаҳолат ҳамчунин олоти муборизаи худӣ ба худӣ меҳисобанд ва онҳоро ва рехтани хуни ҳамдигар завқманд месозанд, дар ҳамин набуди ҷаҳонбинии илмӣ ва дур кардани онҳо аз манфиатҳои миллӣ медонад, ин гуна нафарон пеш аз ҳама ба абзори барномакунонидаи дасти дигарон табдил меёбанд. Гурӯҳҳо ва давлатҳои идоракунандаи онҳо манфиатҳои хешро думболагирӣ менамоянд ва ҳар замон ба хотири вусъат додани манфиаташон аз онҳо суиистифода менамоянд. Дар идомаи ин таҳлил муаллиф ба чунин хулосаи воқеӣ мерасад, ки «Муваффақияти дуввум ва дастоварди ниҳоят хатарноки душманони мо иборат аз он аст, ки таассубу хурофот фанатизми динию мазҳабиро боло бурда, эҳсоси тоҷик будан, тоҷикият, эҳтиром муҳаббат ва садоқатро ба мафҳуми миллат ватан ва ватандорӣ нобуд месозанду ба сифр мубаддал мегардонанд. Аз онҳо ҳамчун лашкари бепули дастаи ифротгароён, террористонро аз ҳисоби ҳамин миллат дар муқобили ҳарими муқаддаси бунёди давлатсозӣ давлатдории миллӣ, марзу бум ва суботи он боз мекунанд».
Воқеан агар вазъи кишварҳои имрӯзаи мусалмоннишинро, ки дар онҳо ноамнӣ, бесуботӣ ва ҳараҷу мараҷ ҷой дорад, таҳлилу баррасӣ намоем, аксар аз ин ҳолатҳо аз набуди ҷаҳонбинии илмӣ ва дарки дуруст надоштан аз манфиати миллӣ сурат мегирад. Муаллиф дар ин бахш ба чунин натиҷа мерасад, ки «дарки манфиат, аз ҷумла, манофеи миллӣ аз муҳимтарин вазифаи маорифи саросари кишвар воситаи омил намудани омма ба арзишҳои тамаддунӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ба ин восита пешгирӣ кардани бархурди омма ба хатари эҳтимолии фоҷеаи умумимиллӣ мебошад». Агар ин хулосаи муаллифро аз диди оянданигарӣ ва дарки ҷомеаву давлат ҳамчун як низоми том, инчунин аз дидгоҳи назарияи функсионалистӣ баррасӣ кунем, нодида гирифтани ҳолати таассубу хурофот, тарвиҷ надодани ҷаҳонбинии илмӣ, шинохти дурусти арзишҳои миллӣ ва дарки баланди давлати миллию дунявӣ метавонад, хатарҳои зиёди эҳтимолиро дар нисбати давлати миллӣ ба миён оварад. Ҳар навъ ҳолати дисфункусиониеро, ки мо сарфи назар менамоем, он дар пайи худ сабаби даҳҳо рухдоди номатлуби дигаре хоҳад шуд.
Гап дар хусуси он меравад, ки ҳеҷ фард аз модар таассубию хурофотӣ ё дорои ҷаҳонбинии илмию дарки манофеи миллӣ ба дунё намеояд. Он ҳатман парвардаи як муҳити иҷтимоӣ аз хонавода сар карда, то сатҳи дигари табақаҳои иҷтимоӣ аст. Аз ин рӯ, таъкиди муаллиф ҷиҳати рафъи ин хатар ва боло бурдани сатҳи ҷаҳонбинии илмию худшиносии миллӣ ва дарки манофеи миллӣ ангушти ишорат бар тарафи ҳамаи ниҳодҳои иҷтимоӣ, бахусус ниҳодҳои маънавӣ ва маорифи кишвар аст, ки сад дар сад воқеӣ ва дурусту дар ҳақиқат мубрам мебошад, зеро танҳо маорифи солим, омӯзишу парвариши дунявию хусусияти миллӣ дошта ва аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намудан ба мактабу маориф, бахусус ба омӯзгорон, имкон фароҳам меоварад, то мо ҳар гуна хатароте, ки аз ҷаҳонбинии ғайриилмӣ, хурофоту таассуб ва фарҳанги бегона маншаъ мегиранд, пешгирӣ намоем.
Дар дигар ҳолат муаллиф дуруст ба натиҷа мерасад ва ба ҳар фарди огоҳу соҳибназари ҷомеа ҷиҳати дарку андеша таъкид мекунад: «Фосила гирифтан аз арзишҳои миллӣ, саҷда овардан ба хурофот ва фарҳанги бегона, ҳамчун натиҷаи раванди бо суръати рӯз то рӯз ифротишавии ҷомеа, ҷилвагар шудани номи намояндагони миллат дар ҳар кунҷу канори дунё дар алоқамандӣ ба кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ, обрӯ ва манзалати миллатро дар назди оламиён шадидан коста мегардонад. Самтгирии наврасону ҷавононро ҷониби шикасти манзалат ва маънавиёти миллӣ меафзояд. Пояҳои давлати миллиро ноустувор месозад. Ояндаи давлатдории миллӣ ва сулҳу суботи кишварро зери суол мебарад».
Исомиддин Шарифзода,
номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи фанҳои гуманитарии ДТТ.