Таманниёти ректори донишгоҳ Амонзода Илҳом Темур ба ифтихори Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Боиси ифтихор ва шодию фараҳмандист, ки мову Шумо дар кишваре кору фаъолият намуда истодаем, ки фазои орому осуда дошта, мардуми шарифаш таҳти сарварӣ ва сиёсати оқилонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзун гардонидани дастоварду муваффақиятҳо дар тамоми соҳаҳо ва ободию шукуфоии Ватани маҳбубамон саъю талош намуда истодаанд.
Воқеан ҳам кишвари азизамон – Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва сулҳхоҳу сулҳпарфар тайи 32-соли соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳо натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварда, дар арсаи байналмилалӣ нуфузу обрӯи баландро соҳиб гардид. Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар мардуми тоҷик расму оинҳои беҳтарини қадимаи хешро, ки қисме аз байн рафта буданд, аз нав эҳё карда, ҷашну маросим, санаҳои таърихӣ ва дигар арзишҳои миллиро дар сатҳи баланд таҷлил мекардагӣ шуд.
Рӯзи омӯзгор (якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октябр) ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола (шурӯъ аз соли 2009) 5-уми октябр бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад, аз ҷумлаи чунин иду ҷашнҳо мебошанд.
Аз ин рӯ, ҳамаи шумо-омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёнро бо фарорасии ин ҷашнҳо аз номи раёсати донишгоҳ сидқан табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти омӯзгорию донишҷӯиатон барору комёбӣ орзу менамоям.
Дар ҳақиқат омӯзгорӣ пешаи хеле заҳматталаб ва муқаддастарин касби рӯи олам аст ва мову шумо-омӯзгорони гиромӣ хушбахттарин нафароне ҳастем, ки ин касби пуршарафро интихоб карда, дар таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда гузошта истодаем.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро самти афзалиятнок эълон карда, нисбати соҳа ва кормандони он пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд ки: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.”
Чунин баҳои баланди Сарвари давлат ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф ва омӯзгорон ҳар яки моро водор месозад, ки савияи донишу маҳорати касбиамонро боз ҳам баландтар бардошта, мутахассисонеро тайёр намоем, ки ҷавобгӯи талаботи давру замон бошанд.
Ҳамкасбон, кормандон ва донишҷӯёни азиз, мехоњам доир ба забони давлатӣ, ки дар арафаи таҷлили он қарор дорем, чанд сухан гӯям.
Забон унсури асосию муҳимми ҳастии миллат ва бунёду мабнои давлати миллӣ шинохта мешавад. Аз ин лиҳоз, он ба мисли вожаҳои Ватан, Модар, Истиқлолият аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд ки: “Вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо-соҳибзабонон аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст, на танҳо ҳифз намоем, балки онро омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем”.
Боиси ифтихор аст, ки давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, алалхусус, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили рушди забони давлатӣ, таърихи ташаккули он таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ зоҳир намуда, оид ба эҳё ва густариши забони давлатиамон силсилаи тадбирҳои судмандро амалӣ намудаанд, ки барномаи рушди забони давлатии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2020-2030 ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ (замимаи № 1 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 268), Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ (замимаи №2 ба қарори зикргардида) аз ҷумлаи онҳост.
Итминони комил дорам, ки Шумо омӯзгорони муҳтарам, бахусус мутахассисон ва олимону муҳаққиқони ин соҳа баҳри ҳифз, риоя намудани меъёрҳои забони давлатӣ, тозаю беолоиш нигоҳ доштани он, хуллас, рушду такомули забони давлатӣ саҳми арзанда мегузоред.
Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! Мехоҳам таманниёти раёсати донишгоҳро бо чунин суханони Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки воқеан ҳам ба забони давлатӣ маҳбубият ва эҳтироми хосса доранд, ҳусни анҷом бахшам.
“Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевою шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мегирам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям. Ба ин хотир, доир ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ мақолаву асарҳо таълиф менамоям, дар ҳар суханрониам бузургиву тавоноии онро таъкид месозам ва барои ҳифзу ҳимояаш талош мекунам”.
Бори дигар ҷашнҳои Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон муборакбод мегӯям!