ЭЪЛОН!!!!

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи донишҷӯён мерасонад, ки Донишгоҳи Валадолиди Испания дар доираи созишномаи ҳамкорӣ бо ДТТ ва татбиқи лоиҳаи Барномаи Erasmus+ KA171 – Мубодилаи академии байналмилалӣ озмуни дарёфти бурсияҳои таҳсилиро барои донишҷӯёни зинаҳои бакалавр ва магистратура барои нимсолаи 2-юми соли таҳсили 2023/2024 эълон менамояд.

Донишҷӯёни ҳавасманд метавонанд дархости худро тавассути пайванди электронии https://uvamobplus2.uva.es/publico/download/16/en/Convocatoria_EN.pdf то 20 октябри соли 2023 (бо вақти Испания соати 11:00) пешниҳод кунанд.

Барои маълумоти бештар метавонед ба шуъбаи равобити хориҷӣ муроҷиат намоед.