Яке аз масъалаҳои мавриди баҳс ва баррасӣ ин ҳақиқату воқеияти ҷаҳон дар худии худ ва шинохти ин гуна ҳақиқатҳо дар зеҳнияти мо инсонҳо ба ҳисоб меравад. Азбаски байни шинохту фаҳми мо ва воқеияти ҷаҳони мавҷуд тафовуте вуҷуд дорад, аз ин рӯ на ҳамеша бардоштҳои мо ва асли худи ҷаҳон баробар ва якхелаанд. Ин ҳам аз он ҷо маншаъ мегирад, ки дар шинохти инсонӣ то расидан ба зинаи хирад, сараввал ахбори аввалияро дар бораи падидаю ҳодиса аъзоҳои ҳисси мо бо бархӯрд ба ашёҳо дарёфт мекунанд ва навъи дарёфти онҳо, ки агар ба донишҳои боварманди аз ҷаҳонбинии динӣ бархоста бошанд, онҳо намегузоранд, ки мо дар баробари ҳаводис пайгирӣ кунем, онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор бидиҳем ва зимни ин таҳлилу баррасиҳо аз ҳақиқати воқеии ашёҳову падидаҳо огоҳ бишавем. Гап дар бораи он меравад, ки вақте аз даврони тавлид ба кӯдак як навъи ҳодисаро борҳо такрор мекунанд ва онро як навъу як навохт шарҳу тафсир медиҳанд, дар натиҷа чунин тасмиме дар зеҳнияти ӯ ҳосил мешавад, ки ӯ боварӣ пайдо мекунад, ҳама он чи ки дар бораи ашё баён шудааст, дуруст аст ва ҳатто гоҳе ба он воқеияте, ки дар баробари ашёҳо баён мешавад ва ё онро худ дарк мекунад, шак меварзад. Зеро дар тули таърих донишҳои бовармандие, ки аз тарафи мутаваллиёни дину оин ба тарзи ҳамешагӣ тарғиб ёфтаанд, он қадар худиятро аз инсонҳо гирифтаанд, ки онҳо дигар наметавонанд бо ақлу иродаи худ кореро анҷом диҳанд дар боари он тасмим гиранд ва ё онро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор бидиҳанд. Онҳо ҳамеша ба мардумон омӯхтаанд, ки гумроҳанд, нодонанд, нотавонанд ва ҳақиқатро дарк карда наметавонанд. Чунин ҳарфи ҳамвораю батакрор баёншуда боиси он гардидааст, ки аксар аз инсонҳо ҳеҷ гоҳ тасмим намегиранд, дар бораи асилӣ ва чунию чароии падидаю ҳодисаҳо андеша намоянд. Баръакс такя ба ҳамон афкори қаблан баёншудае, ки аз ҷониби муттавалиёни дину ойин ироа гардидаанд, мавриди арзёбӣ қарор мегирад. Ин муттавалиён низ ҳамеша тарс аз он доранд, ки мабодо мардумон ё ба иборати дигар авом огоҳтар гардад ва ин огоҳӣ сабаби дар зери хатар қарор гирифтани ҷою мақоми онҳо шавад. Ҳамин аст, ки онҳо ҳамеша мухолиф бар тафаккури ҷустуҷугар ва махсусан ба ашхосеанд, ки онҳо ба таври ҳамешагӣ суолоти зиёдеро матраҳ мекунанд ва аз ҷустани ҳақиқат ҳеҷ гоҳ даст намебардоранд. Ин муттавалиён ҳамеша ба мо таълим медиҳанд, ки бояд пайваста дар ҳаррос аз ҷаҳоне бошем, ки дар ҷойи номаръӣ ва дар каҳкашонҳо дар интизори мост. Онҳо он ҷаҳонро чунон барои мо тасвир намудаанд, ки бо ҳама илму хираде, ки дорем ҳеҷ гоҳ наметавонем чуну чароеро дар бораи он матраҳ намоем ва ин ҳам пеш аз ҳама сарчашма аз он ҷо мегирад, ки ҳануз аз замони кудакӣ пайваста барои мо чунин таълимотро шакл додаанд ва манзалати инсонии моро мудом харҷи ҳарросҳои мутаадии худ намудаанд. Моро водор кардаанд, то ҳарчи бештар хулосатар шавем, ҳарчи бештар қобили дастрасттар гардем ва ҳарчи бештар чароиҳои зеҳнамонро ақиру бемиқторгар ва кучаку пеши по уфтодатар кунем. Моро омухтаанд ва таълим додаанд, ки барои фирор аз фаҳми ҳақиқатҳо ки он фироре аст аз воқеияти инсон ва ифодагари моҳияту ҳувийяти инсон низ дар шинохт ифода мегардад, аз он даст бардорем ва ҳувийяти инсонии худро ва хиради моҳиятиамонро қурбонии боварҳои дур аз ҳақиқату воқеият намоем.Дар ин замина фаҳмидан калиди оғози ҳамаи дардҳост, ки баҳои сангине барои он бояд пардохт. Ҳар инсоне ки аз таҳлили мағзӣ, мантиқӣ ва хирадии худ фарор мекунад, он дигар мустақил нест ва дар он аслан озодӣ низ вуҷуд надорад. Зеро ҳама гуна озодӣ сараввал дар зеҳният, андеша ва тафаккури инсон ба вуҷуд меояд. Инсоне, ки дар он андешаи озод, иродаи озод ва тасмими озод вуҷуд надорад, новобаста аз ҳар гуна мақоми иҷтимоияш он озод буда наметавонад. Ҳукми мазкур метавонад дар заминаи халқиятҳо ва давлатҳои миллатҳо низ татбиқ шавад. Агар афроди як миллат аз назари дарку фаҳми ҷаҳон соҳиби тафаккури таҳлилию хирадӣ нест ва бештари аъзои он вомондаи андешаҳои боварманд таблиғшуда ва коллективианд дигар дар онҳо озодӣ ва дарки истиқлолу соҳиби қудрату ирода будан чандон маъние нахоҳад дошт.Дар табиати инсон як аҷобате аст, ки нафарони аҳмақ ҳеҷ гоҳ ҳамоқати худро эътироф намекунанд. ба назар мерасад, ки ин андак нафароне худро оқил вонамуд месозанд кушишу талошашон бар он аст то собит созанд ки илло аҳмақе беш нестанд.Дар андешаи баъзе аз мардумон ақл ба ҳайси маҳдудкунанда шинохта мешавад. Ин тарзи андешаронӣ аслан маҳдуд кардан (сонсур) кардани ақлу хирад аст. Зеро ақлу хиради инсон ҳар гуна ҳаводисро сараввал дарк менамояд ва баъадан пас аз таҳлилу баррасӣ дар бораи он хулоса мебарорад ва онро хубтару беҳтар мешиносад. Ақле ки бахшҳои муҳиме аз худро маҳдуд мекунад, ин як навъ инкори моҳияти инсонӣ ва хиради инсон аст, ки онро метавон ҳамчун худфиребӣ маънидод намуд. Худфиребӣ бошад мансуб ба ақлоният нест, балки он бештар мансуб ба ҳамоқат аст. Яъне ҳамоқате, ки ба ақл таҳмил шудааст, то мо онро бовар намоем, вале дар бораи чигунагии он ҳеҷ гоҳ наандешем ва пурсишгариро, ки муҳимтарин шохиси инсон аст ва ҷустуҷӯгарии ақл низ ба он марбут аст, аз инсон гирифта мешавад.Гоҳо бовару тахаюл ба мисли маводи таскиндиҳандаю бехудкунандаанд. Агар ду ҳолати инсонро яъне ҳолати худ ва ҳолати бехудиро таҳлил намоем ба чунин натиҷае мерасем, ки худ будан ин маҷмӯи рафтору амалкардҳоест, ки тавассути шинохти дуруст ва неруҳои хирадӣ танзим карда мешавад. Ҳолати бехудӣ бошад, ин ҳолатест, ки амалу рафтори инсонро на ақлу хирад, балки ҳис, боварҳо ва тахаюл идора мекунанд. Он чӣ ки бо бархӯрд шудан ба хиради инсон таҳлил карда шуда, чароӣ, чунниву чандӣ ва чигунагии он муайян карда мешавад, ҳатман инъикоси дурусту воқеиро дар мағзи инсон пайдо намуда, дар бораи он иттилооти муайяни илмӣ ба вуҷуд меояд. Вобаста ба ин иттилоот ҳамин гуна падидаю воқеа ҳангоми такроран ба вуқуъ пайвастан, инсон дар бораи он маълумоти дақиқ ва дурусти илмӣ дошта, аз як тараф онро идора карда метавонад ва ҳадди ақал чигунагии дурнамои рушди онро муайян намуда, тадбир меҷӯяд.Ҳолати бехудӣ бошад яъне вақте ақлу хиради инсонӣ маҳдуд карда мешавад ва тасаввурот дар бораи ҳодисаву воқеа хаёлӣ баррасӣ мегардад, ҳаводис ва ашёву падидаҳо дар зеҳнияти инсон афсонагун ва рӯъёмонанд таҷассум меёбанд, ки ин на таҷассуми воқеият, балки як вуҷуди зеҳние аз падидаву ашё аст. Ҳолати бехудӣ ба мисли нафари бангие монанд аст, ки дар зеҳну хаёлоташ ҳар тасаввуреро ба вуҷуд оварда вобаста аз ҳолати руҳониаш ба ин сохтаи зеҳнии худ ё мегиряд ё механдад. Чунин нафарон фаҳми ғайр намекунанд. Онҳо масоили чароиҳои зеҳн яъне сабабу омили пайдоиш, тарзи шаклгирӣ ва қонунмандии дар моҳияти ашёҳо ҷой доштаро дарк намекунанд. Яъне инсоне ки гирифтори чунин ҳолат мешавад ӯ дигар фазою маконро дуруст намешиносад. Аҷиб ин аст, ки қисмати зиёде аз мардумон гирифтор ба бофтаҳои зеҳнии худанд. Онҳо чун бофтаҳои зеҳниашонро зебою муҷалло тасаввур мекунанд, ҳамеша побанди тсаввуроти хеш гардида, онҳоро ҳамчун айни ҳақиқат қабул менамоянд. Вақте дар бораи назариёт ё тасаввуроти зеҳнии онҳо назари дигаре баён шавад, ки ба он мухолиф бошад онҳо зуд ба хашм меоянд, исён мекунанд ва назари дигарро зуд рад менамоянд. Айни ҳамин ҳолат ба кӯдаконе монанд аст, ки вақте як қиссаро чанд бор ба ӯ нақл кардаанд ва ин қиссаро ӯ ҳамчун айни ҳақиқат қабул намудааст, пас аз гузашти вақт гоҳе ба ӯ гӯянд ки ин қисса ҳақиқате надорад ва наметавонад дар воқеъ вуҷуд дошта бошад, ба шур меояд, гиря мекунад ва талаб мекунад, ки шумо ба ман дуруғ мегуед, ин қисса дар ҳақиқат вуҷуд дорад вале шумо онро нодуруст инкор мекунед. Ҳолати инсонҳое, ки дар олами тахаюлу руъё ба сар мебаранд аз ҳамин вижагӣ иборат аст. Дар ҳарду ҳолат ҳам зеҳнияти инсон ва тасмимгириҳои мағзию шуурӣ ҷой доранд. Ҳолати бошуурию таҳтушуурӣ ҳарду марбут ба инсонанд.Ҳолатҳои таҳтушуурӣ низ аз хостҳо, ниёзҳо ва ғаризаҳои инсонӣ маншаъ мегиранд ва дар ин навъи тасаввурот инсонҳо кушиш ба харҷ медиҳанд, то воқеиятро вобаста аз хоҳишу манфиати худ тафсир намоянд ва чигунагии онро аз ин зовия арзёбӣ намоянд. Дар ҳоли хирадандешӣ инсон воқеиятро болотар аз хаёлу тасаввур ва манфият гузошта, кушииш ба харҷ медиҳад, ки онро аз дидгоҳи қонунманд ва илман асоснок шуда ташхису баррасӣ намоянд. Ин навъи коркарди хирадӣ бартарияташ дар он аст, ки инсон бо тасаввурот худро фиреб намедиҳад, балки аз чигунагӣ ва моҳияти падидаю ашёҳо огоҳ гардида, воқеияти қонунманди онҳоро дарку фаҳм менамояд ва ин дарку фаҳми хешро барои бозофарнии падидаю ашёҳо истифода менамояд. Яъне ба тарзи дигар вобаста аз шиохти воқеӣ метавонад дар заминаи он офаринандагӣ намуда, чизи наверо ба миён оварад.Донишҳои тасаввурию руъёӣ инсонро барои лаҳзае метавонанд оромиш бахшанд, ҷаҳонро ва падидаю ҳодисаҳоро ё зебо ва ё баръакс ваҳмангезу даҳшатнок тасвир кунанд. Вале он асли ҳақиқату воқеият нест, балки ба мисли як саробест, ки ҳар қадар ба он наздик мешавӣ, дур мегардад ва дар воқеият вуҷуди айнӣ надорад. Мутаассифона аксар аз мардумон намехоҳанд ҳақиқатро он тавре ки ҳаст қабул намояд, балки онҳо бештар он тавре ки барояшон тасаввур шудааст, мехоҳанд воқеиятро он гуна қабул кунанд.Вобаста ба муқаддимоти боло ҳамагуна бархурдҳои динию мазҳабӣ аз ҳамин тасаввур ба вуҷуд меоянд, чун аксар мехоҳанд он бовари зеҳнии худро айни ҳақиқат тасаввур намуда, ҳамагуна тасаввуроте, ки ба он мухолифат мекунад, онро душманонаву бокинаву ғазаб рад намоянд. Решаи ҳамаи бархӯрдҳои динҳову мазҳабҳо дар ҳамин нуҳуфта аст, ки онҳо бештар хусусияти тахаюлӣ, тасаввурӣ ва таскиндиҳанда дорад. Як пурсише, ки ин ҷо пеш меояд он аст, ки чаро инсонҳо он қадар бо муҳаббат тасаввуроти бовармандиро қабул доранд? Ҷавоби ин суол ниҳоят содда аст, зеро инсонҳо новобаста аз давраҳои такомулашон ҳамеша феълу хислати кӯдакона доранд. Мисле дар мисоли боло тасвир шуд, ки кӯдак мехоҳад воқеиятро аз рӯи тасвираш қабул намояд, инсонҳо ҳам вобаста аз ду ҳолат яке ҳолати шодмонӣ, осоиштагӣ ва эҳсоси мусбӣ, хурсандӣ ки онҳо як навъ роҳатандеширо ба миён меоранд, муносибат месозанд ва аз ҷониби дигар нотавониашон дар баробари ҳамаи ҳаводисе, ки аз ихтиёри онҳо берун аст ва метавонад сахт ваҳмангезу тарснок бошад, тасаввур мекунанд. Яъне барои инсонҳо пеш аз ҳама вазъияти бархӯрдашон ба падидаю ашё ва чигунагии таъсири ин падида ба сарнавишту зиндагиашон асоси арзёбӣ ва шинохти ин онҳо мешаванд. Махсусан, арзёбӣ намудани неку бад аз предметҳо, ки ҳеҷ ба воқеияти ашёҳо иртибот надорад, низ аз ҳамин навъи бархӯрд маншаъ мегирад. Ҳол он ки ҳеҷ яке аз падидаю рухдод дар худии худаш на нек аст ва на бад ва на даҳшатафкану тарсовар аст ва на шодиофар. Нек ё бад шудани он пеш аз ҳама бармегардад ба авзоъи сар задани ҳодиса, ҷойи сар задани он ва таъсиргузориаш бар зиндагии инсонҳо. Яъне он агар тавонад ҷиҳати мусбиеро ё ба тарзи дигар манофееро барои инсонҳо ба миён орад, онро нек арзёбӣ мекунанд, вале баръакс агар он бар зарари инсонҳо анҷом ёбад, онро бад ном медиҳанд. Ҳол он ки дар ҷавҳари ин ҳодиса ба худии худ на нек вуҷуд дорад ва на бад вуҷуд дорад. Ин тасаввуротҳои зеҳнии инсонанд, ки ин ё он падидаро вобаста аз чигунагии бархурд неку бад арзёбӣ мекунад. Гоҳо низ метавонад чунин бошад, ки як ҳодиса барои иддае аз мардумон ҳамчун падидаи нек ва барои иддае аз мардумон ҳамчун падидаи бад арзёбӣ шавад.Дар ҷаҳони муосир, ки меҳвари онро донишҳои илмӣ ташкил медиҳанд, инъикоскунандаю баёнгари вазъи воқеии ҷаҳонанд, танҳо дар чорчубаи дурустии онҳо фанновариҳои гуногун ба миён оварда шуда, инсон тавонистааст дар ин доира бо дарки қонунмандиҳои дар табиат ҷой дошта муаян намудани хосиятҳои физикиву химиявии ашёҳо аз онҳо моҳиятан чизҳои навро ба вуҷуд оварад, кору амали худро содда намояд ва ҳатто онҳоро то ба осмонҳои дигар ба парвоз оварад. Ин ҷо бояд як нуктаеро зикр кард, ки инсон бе тасаввур хаёл ва рӯъё ҳам вуҷуд дошта наметавонад, онҳо ҳам аз табиати худи инсон берун омадаанд ва инсонҳо ба онҳо низ ниёз дорад, вале тақозои ҷаҳони муосир ин аст, ки бояд тафаккури ғолибу пешбари ҷомеа тафаккури илмӣ бошад. Вобаста ба ин ҷомеаи моро низ зарур аст, ки афроди он бештар дар руҳияи хирадгароӣ, илммеҳварӣ ва донишҳои аз таҷриба берун омада такя намоянд то мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа камтар гардида, он ба самти рушди устувор муназзам ҳаракат намояд.

ШАРИФЗОДА Исомиддин,
Номзади илмҳои фалсафа,
Мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДТТ