Маориф яке аз соҳаҳои калидии кишвар, бахусус амалигардонандаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, ба ин соҳа диққати махсус дода мешавад. Барои дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо аз тарафи Ҳукумати мамлакат як қатор қонунҳо ва стратегияҳо таҳия гашта, амалишавии онҳо барои бо мутахассисони замони муосир таъмин намудани иқтисодиёти кишвар замина гузошта истодаанд.
Дар ин радиф, санаи 26-уми майи соли 2023 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо дастгириҳои Вазорати саноат ва технологияҳори нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби теъдоди зиёди корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо намоиши маҳсулот ва ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ барои хатмкунандагони донишгоҳ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори шуъбаи муассисаҳои илмӣ-таълимии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзизода А.Ҳ. ва сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Душанбе – Рамазонзода А. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ Амонзода И.Т. оғоз намуда, қайд намуданд, ки омодасозии мутахассисони рақобатпазири мутобиқ ба талаботҳои бозори меҳнат, аз техника ва технологияҳои нав бархӯрдор ва эҷодкору навъовар яке аз вазифаҳои асосии таълимгоҳҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад. Масъалаи мазкур борҳо дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлил ва масъалагузорӣ қарор гирифта, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои давлатӣ ва қарорҳоро таҳия ва қабул намудааст. Гузариш аз шакли аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон масъалаҳои нави омодасозии мутахассисони соҳаи саноатиро ба миён меоварад. Махсусан аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026 эълон гардидани “Солҳои рушди саноат” моро водор месозад, ки мутахассисони рақобатпазирро барои бозори меҳнат омода намоем.
Зимни суханронӣ Рӯзизода А.Ҳ. иброз дошт, ки дар ҳамоиши имрӯза намояндагони як қатор корхонаю ширкатҳои саноатӣ ва бонкҳо иштирок доранд ва боварӣ дорам, ки хатмкунандагон оид ба ҷойҳои кории холӣ маълумоти муфассал мегиранд ва ин ба интихоби ҷойи кории онҳо кӯмак хоҳад расонид.
Дар баромади худ Рамазонзода Абдулло оид ба ҷойҳои кории холӣ ва тартиби муроҷиат ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатмкунандагон маълумот пешниҳод намуда, қайд намуд, ки яке аз коргоҳи бузурги кишвар ин НБО-и “Роғун” мебошад, ки бо теъдоди зиёди ҷойҳои корӣ хатмкунандагонро ба кор даъват менамояд.
Дар идомаи ҷаласа зимни баромадҳо аз ҷониби корфармоён ва хатмкунандагон музокира баргузор гардид.
Дар интиҳо ректори донишгоҳ барои дастгириҳои ҳамаҷонибаи Вазорати сонат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту ширкатҳои ватаниву хориҷӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба корфармоён ва хатмкунандагон барору комёбӣ орз намуд.
Баъди анҷоми ҷаласа меҳмонон ва корфармоёну хатмкунанадгон аз намоишгоҳ ва ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дидан намуданд.

Ф. Ғаффоров, муовини ректор оид ба
инноватсия ва технологияҳои таълимӣ