Табрикоти ректори донишгоҳ Амонзода Илҳом Темур ба муносибати Рӯзи ҷавонон
Омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонони мамлакат, ки ҳамасола (шурӯъ аз соли 1998) дар сатҳи баланд таҷлил мегардад, самимона табрику муборакбод мегӯям.
Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки нақши ҷавонон дар пешбурди ҷомеа, рушду нумуъ ва ободию шукуфоии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол бениҳоят калон аст. Маҳз ҳамин ҷиҳатро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали зимоми давлатдориро ба зимма гирфтанашон ба ин қишри пешқадами ҷомеа, ки воқеан ҳам қувваи бузург ва пешбарандаи кишвар ба ҳисоб мераванд, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, нисбаташон пайваста ғамхорӣ менамоянд.
«Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.
Маҳз ҷавононанд, ки ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад”, гуфтани Президенти кишвар далели ин гуфтаҳост.
Дар навбати худ ҷавонон низ кӯшиш намуда истодаанд, ки дар ҷавоби ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдому ташаббусҳои созандаро ба роҳ монда, пайравони ҳақиқии Пешвои миллат будани худро собит созанд.
Бе муболиға метавон гуфт, ки Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст. Тавре Президенти маҳбуби кишвар дар яке аз суханрониҳояшон бо ҷавонони мамлакат иброз доштанд, синни миёнаи аҳолии Тоҷикистон 22,5 солро ташкил дода, беш аз 73 фоизи сокинони мамлакат ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, барҳақ метавон гуфт, ки Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст.
Имрӯз ба кадом самт ё соҳае назар накунем, нақши дастони ин қишри ҷомеаро ба хубӣ мебинем ва эҳсос мекунем. Муваффақияту комёбиҳои ҷавонони мамлакат дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ саноату сохтмон, нақлиёту алоқа, хизмати маишӣ, санъату варзиш баръало ба мушоҳида мерасанд. Ҷавонони мамлакат бо кору пайкор, фаъолияти илмию эҷодӣ, варзишӣ ва иқдому ташаббусҳои наҷиби созанда обрӯю нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар дохилу арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардошта истодаанд.
Ҷавонони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ҳамчун мутахассисони баландихтисос ба камол расида, дар амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” саҳми арзанда гузошта, Ватани аҷдодиамонро боз ҳам ободу пешрафта гардонанд.
Бори дигар Рӯзи ҷавонони кишварро бароятон муборакбод мегӯям!