Табрикоти ректори донишгоҳ Амонзода Илҳом Темур ба муносибати Рӯзи Ғалаба.
Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Аввалан ҳамаи Шуморо бо Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки мудҳиштарин ҷанг дар таърих ба шумор меравад, самимона табрику муборакбод мегӯям.
Ҳозирини гиромӣ, дар ин рӯзҳо, яъне дар арафаи Рӯзи Ғалаба мо аз ҳарвақта дида аз корнамоиҳои беназири аҷдодони қаҳрамони хеш, ки бо ҷасарат ва матонату диловарӣ сарзамини хешро аз душман ҳифз намуда, барои наслҳои оянда, аз ҷумла мову Шумо зиндагии озодонаро муҳайё намудаанд, бо некиву сипос ёд меоварем.
Воқеан ҳам таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии бобоёну падарони шуҳратманд аст.
Имсол ба ин Ғалабаи бузург 78-сол пур мегардад. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ иштирок намуда, барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурдаанд ва дар ғалабаи Иттиҳоди Шуравӣ бар Олмони фашистӣ саҳми бузурги хешро гузоштаанд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистони ҳамонвақта, ки 1,2 миллион аҳолӣ дошт, 296 ҳазор нафар иштирок намуда, аз онҳо 92 ҳазораш ҳалок шуда, боқимонда 204 нафар зинда монд. Аз байни фиристодагони Тоҷикистон 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонагию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардида, 54 нафар ба унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сазовор шуданд.
Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад, 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 27 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор деҳаву русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо дар қаламрави Иттифоқи Шуравӣ несту нобуд карда шуданд. Зиёда аз 5 миллион одамон бе сарпаноҳ монда, 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар вайрон гардид.
Дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд.
Он солҳо мардуми ақибгоҳ аз рӯи шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» фаъолият мебурданд. Ҳар сокини ватандӯст мехост камтарин имконияти худро барои дастгирии Армияи советӣ ва аскарон қурбон кунад ва бо ҳамин рӯзу соати ғалабаро тезонад.
Ҳазорон нафар ҷанговарони фиристодаи Тоҷикистон ба фронт барои озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо – Қаҳрамонони Иттифоқи Шуравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Исмат Шарифов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов, Чӯтак Урозов, Бояркин В.И ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.
Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Онҳоро ба сару либос, озуқаворӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин менамуданд.
Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сӯм пули нақд ва 40 ҳазору 750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки “Колхозчии Тоҷикистон” зиёда аз 84 миллион сӯм ва барои сохтмони эскадрилияи “Тоҷикистони Советӣ” 35,2 миллион сӯм ҷамъоварӣ намуданд.
Боиси хурсандист, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳи он пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, онҳо мудом таҳти сарпарастии доимӣ ва имтиёзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корнамоиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мо бояд саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро ба таври зарурӣ омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба ватан ба таври доимӣ ташвиқ намоем”.
Ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ рафтани ҷавонон, аз ҷумла хатмкардагони донишгоҳи мо ва содиқонаву софдилона ҳифз намудани марзу буми кишвар худ далели он аст, ки насли ҷавони кишвар идомадиҳандаи корнамоиҳои насли калонсол буда, баҳри устувории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият масъулият ҳис карда, қарзи шаҳрвандии хешро софдилона баҷо меоранд.
Бори дигар Рӯзи Ғалаба ба ҳамаатон муборак бошад!