Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ амалӣ дар мавзўи“Рушди устувори саноати миллӣ дар асоси амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бахшида ба ҳафтаи илм
Санаи 24 – уми апрели соли 2023 бахшида ба ҳафтаи илм дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- амалӣ дар мавзўи“Рушди уствори саноати миллӣ дар асоси амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид. Муовини ректор оид ба илм ва татбиқот Ғафоров Абдулазиз Абдулҳофизович меҳмононро хайра мақдам гуфта ба кори конференсия барору комёбӣ намуда, суханро барои қироати маърўзаи ифтитоҳии ректори ДТТ ба муовини ректор оид ба равобити хориҷӣ ва масоили иҷтимоии ДТТ Бобоев Хаёл Бобоевич дод.
Муовини ректор оид ба равобити хориҷӣ ва масоили иҷтимоии ДТТ Бобоев Х.Б. дар баромади худ иброз намуданд,ки мароми асосии чорабинии мазкур, ин пеш аз ҳама амалисозиву омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати расидан ба масъалагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафи чоруми миллӣ, яъне “Саноатикунонии босуръати кишвар” ва амалигардонии ҳадафи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” мебошад.
Бинобар ин, конференсияи имрӯза ба олимон, муњаќќиќон, омўзгорон, аспирантону унвонљўён ва дигар шахсоне, ки дар кори конференсия иштирок доранд, имконият фароҳам меоварад, ки дар самтҳои рушди технологияҳои саноати сабук, саноатикунонии кишвар дар саноати хӯрокворӣ, саҳм ва ҷойгоҳи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, механизмҳои ташкилӣ-иқтисодӣ дар самти сармоягузории давлат дар шароити рушди босуръати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина омода намудани мутахассисони соҳа дар шароити рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аҳамияти маънавӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии саноатикунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода менамоянд, маърузаҳо намоянд ва фикру ақидаҳои хешро иброз намоянд. Раёсати ДТТ ба кори конференсия барор хоста аз иштироки шумо дар ин чорабинӣ сипосгузор мебошад.
Сипас, сухан ба Сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниёзи Сироҷиддин дода шуд. Ў баргузории чунин як конференсияи бонуфузро доир ба “Саноатикунонии босуръати кишвар” ва амалигардонии ҳадафи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бахшида ба ҳафтаи илм иқдоми самаранок арзёбӣ намуд.
Конфренсияи илмӣ бо суханронии Директори филиали ДТТ дар ш. Исфара Холиқзода Музаффар идома ёфта, мавсуф дар баромади худ дар бораи проблемаҳое, ки дар саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ вуҷуд доранд суханронӣ намуда, ба кори конференсия барору комёбиҳо орзу намуд.
Мувофиқи барномаи конференсия дар ҷаласаи ифтитоҳӣ аз тарафи устодон 3 гузориши илмӣ пешниҳод гардиданд, ки ҷолибу қобили баҳсҳо буданд, аз ҷумла гузоришҳои илмии н.и.х., дотсент Мирзораҳимов Қ.К., дар мазӯи “Иловагиҳои ғизоӣ дар асоси ашёи хоми растанӣ”, н.и.т., дотсент Яминзода З. А. “Экологически ориентированные технологии отделки натуральных тканей” ва гузориши илмии н.и.ф., дотсент Шарифзода И.У. дар мавзӯи: “Рушди илмҳои табиию риёзӣ омили асосии пешбарандаи ҷомеа”
Баъди баргузории маърӯзаҳои илмӣ дар ҷаласаи ифтитоҳӣ музокира барпо гардид. Бо ҳамин ҷаласаи ифтитоҳии конференсия кори худро ба анҷом расонд.
Рӯзи 25.04.2023 конференсия кори худро дар 5 бахши зерин давом медиҳад:
1. Таълим, илм ва истеҳсолот дар шароити саноаткунонии босуръати соҳаи хӯрокаи кишвар.
2. Татбиқи барномаи давлатии “Рушди соҳаи саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” – асоси рушди иқтисодии мамлакат дар раванди амалишавии “Бистсолаи омузиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”.
3. Нақши технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ.
4. Ташаккули иқтидори саноатии миллї: омилњои дохилї ва берунї.
5. Аҳмияти сиёсӣ-иҷтимоии эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар.