
Рузии 31 – марти соли 2023 дар толори конференсияҳои онлайнии китобхонаи илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21 март ҳамчун рузи ҷаҳонии пиряхҳо конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳифзи пиряхҳо омили муҳими нигоҳдории манбаи асосии захираҳои об» бо иштироки олимон, омғзгорон, докторантон, унвонҷӯён магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Муовини ректор оид ба илм ва татбиқот Ғафоров А.А. дар суханронии ифтитоҳии хеш ташрифи меҳмонон, омӯзгорон, олимон ва муҳаққиқонро ҷиҳати иштирок дар конференсия хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки захираҳои пиряхҳо омили муҳими ҳифзи нигаҳдории захираҳои оби ба шумор меравад. Баргузории конференсия, маърӯзаҳои олимони донишгоҳ дар он бояд барои амалигардии ин ҳадаф як такконе бахшад. Дар охири суханаш Ғафоров А.А. ба кори конференсия барору комёбӣ хост.
Мувофиқи барномаи конференсия аз тарафи устодон 6 гузориши илмӣ пешниҳод гардиданд, ки ҷолибу қобили баҳсҳо буданд, аз ҷумла гузоришҳои илмии муовини директор оид ба илми муассисаи давлатии илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ. Насруллоев Ф.Х. дар мавзӯи: «Тоҷикистон – пешоҳанги масоили ҳивзи пиряхҳо дар ҷаҳон», н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ Олимҷонзода Уктам Олимҷон дар мавзӯи: «Ташаккул ва рушди иқтисоди сабз дар минтақа ҳамчун омили нигоҳдории захираҳои об», муаллими калони кафедраи иқтисодиёт ва идора Ашурова Нодирабегим Эркиновна дар мавзӯи: «Ледники – как основной источник водных ресурсов: пути сохранения процесса таяния ледников Республики Таджикистан», гузориши илмии нн.и.и., муаллими калони кафедраи иқтисодиёт ва идора Давлатова Меҳрангез Меликовна дар мавзӯи: «Ҳифзи пиряхҳо яке аз воситаҳои пешгирии мушкилоти вобаста ба об», гузориши илмии докторанти PhD курси 2-юм Хоҷаева Нурбиби Ҳикматуллоевна дар мавзӯи: « Экотрузм и Таджикистан» ва гузориши илмии докторанти PhD курси 2-юм Назруллаева Аниса Абдуллаевна дар мавзӯи: «Оценка и прогнозирование атмосферных осадков в бассейне реки Кафарниган».
Маърӯзазачиён дар гузоришҳои илмии худ дар бораи пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, дар бораи пайдоиши пиряхҳо, яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми кишварҳо ба шумор рафтани пияхҳо, дар бораи пиряхҳои дар ҷумҳурӣ мавҷудбуда, пиряхҳои баландкӯҳӣ будани қисми зиёди пиряхҳои Тоҷикистон, дар бораи обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, таъсири гармшавии глобалӣ ба пиряхҳо ва ҳифзи онҳо, захираи асосии оби соф ба ҳисоб рафтани пиряхҳо, манбаи бузурги истеҳсоли неруи барқ будани об, дар бораи “иқтисодиёти сабз” маълумоти муфассал доданд.
Сипас маърӯзачиён ба саволҳои иштирокчиёни конференсия ҷавобҳои қаноаткунанда доданд. Бо ҳамин коференсия кори худро ба анҷом расонд.