Сафари расмии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур дар якҷоягӣ бо декани факултаи иқтисодиёт ва молия н.и.и., дотсент Сатторов Абдурасул Абдуғаффорович, сардори маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ Ҷафаров Аҳрор Саидолимович ва декани факултет менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ Раҳимзода Музафар Иди дар ҷаласаи кории лоиҳаи “MIETC – Таҳияи барномаи магистрӣ оид ба идоракунии соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои дар давраи гузариш” ба Донишгоҳи ба номи Федерико ll -и Неаполи Италия баргузор гардид.
Дар доираи сафари мазкур масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба мубодилаи академии омӯзгорону донишҷӯён дида баромада шуданд. Дар баробари ин бо Донишгоҳи мазкур, ки таърихи зиёда аз 800 сола дошта, яке аз Донишгоҳҳои бонуфузи Аврупо ба ҳисоб меравад шартномаи ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодиёт ва менеҷмент, рушди соҳибкории саноатӣ, муҳандисии саноатӣ, технологияҳои иттилоотӣ, энергияи самарабахш ба имзо расонида шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби ҳамоҳангсоз ва аъзоёни гурӯҳи корӣ оиди корҳои анҷомдодашуда ҳисобот дода шуда дурнамои фаъолияти минбаъда дар доираи лоиҳаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.