ТАМАННИЁТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ АМОНЗОДА ИЛҲОМ ТЕМУР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ
Омўзгорон, кормандон
ва донишҷӯёни гиромӣ!
Нахуст ҳар яки шуморо аз номи Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни воқеан ҳам ҷанбаи умумибашаридошта, яъне Наврӯзи хуҷастапай, ки соли 2010 бо ташаббуси Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии сарони кишварҳои Наврӯзро ҷашнгиранда аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалиро касб намуда буд, самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатию хушбахтӣ ва ободиву осудагии рӯзгорро таманно менамоям.
Наврӯз воқеан ҳам қадимтарин ва маҳбубтарин ҷашни мардуми ориёист, ки бо фарорасии хеш аз оғози зеботарин фасли сол-баҳор мужда медиҳад.
Ин мужда рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагист. Ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки ба шарофати Истиқлоли давлативу озодии Ватани маҳбубамон оини бебаҳои аҷдодӣ-Наврӯз эҳё ва барои рушди минбаъдаи русуми наврӯзӣ ва ҷашнҳои дигар, аз қабили Сада, Меҳргон ва Тиргон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Боиси фараҳмандист, ки Наврӯзи имсола дар Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони биҳиштосо дар давраи омодагӣ ба 26-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Аз ин хотир, ҳар яки моро зарур аст, ки дар баробари боз њам беҳтар ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, корҳои ободонию хуррамгардониро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, иҷрои нияту мақсадҳои дар наздамон гузошташударо таъмин намоем ва ҷашни зикргардидаро бо дастовезҳои арзандаи илмию омӯзгорӣ сазовор истиқбол гирем.
Наврӯз дар ҷаҳонбинии ниёгони мо воқеан ҳам таҷассуми пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва хубӣ бар бадӣ мебошад. Ва табиист, ки чунин суннати пурарзиши табиӣ ва инсондӯстонаву хайрхоҳона ба ҳеҷ гуна маҳдудият тобеъ намегардад. Наврӯз ҷашни зироаткорӣ, фарҳанги баланди созандагии инсон ва табиат аст. Олимону муҳаққиқони забардаст Наврӯзро ҳамчун ҷашни тавҳид, ягонагии инсон ва созандагӣ эътироф кардаанд. Наврӯз ҳамчун бузургтарин оини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иброз доштанд ки: “Ҷашни Наврӯз барои мо-тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад. Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодию нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст”.
Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шуруъ гардидани ҳама гуна ибтикороту ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла Душанбешаҳр ва донишгоҳи азизамон мебошад.
Бовар дорам, ки шумо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни азиз анъанаҳои неки созандагию бунёдкориро, ки хоси мардуми шарифи Тоҷикистон аст, идома дода, бо шинонидани гулу гулбуттаҳо ва дарахтони гуногуни сояафкан дар сабзу хуррам гардонидани ҳудуди донишгоҳ ва кӯчаю хиёбонҳои пойтахти кишварамон-Душанбешаҳр саҳми арзанда мегузоред.
Бо ҳамин нияту орзуҳои нек ҷашни Наврӯзи фархундапайро бори дигар бароятон муборакбод мегӯям.