Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои  “Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию  техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон” тасмим гирифтааст, ки  рӯзҳои 18 – 19 ноябри соли 2022 бо ҳамоҳангии Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии байналмилалиро дар мавзӯи “Саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо эълон шудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”   барпо намояд.

Олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон, аспирантону унвонҷӯён, магистрантон ва докторантон (PhD) ва дигар шахсоне, ки майли иштирок дар кори конференсия доранд, метавонанд то 1 ноябри соли 2022 мақолаҳои илмии худро дар ҳаҷми аз 3 то 10 саҳифа ба суроғаи электронии vestnik-tut@mail.ru ва ҳатман як нусхаи чопии онро ба суроғаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев 63/3 ирсол намоянд.

Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

БАХШҲОИ КОНФЕРЕНСИЯ

  1. Дурнамои татбиқи стратегияи давлатии саноатикунонии кишвар дар саноати хӯрокворӣ.
  2. Амалишавии барномаи давлатии саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моделсозии равандҳои технологии истеҳсолот дар саноати сабук.
  3. Баланд бардоштани самаранокии татбиқи воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ дар рушди саноат.
  4. Рақамикунонии иқтисодиёт ва саноатикунонии бусуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  5. Аҳамияти назариявӣ ва сиёсии эълон шудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” зимни татбиқи стратегияи саноатикунонии босуръати ҶТ.

КУМИТАИ ТАДОРУКОТ

ТАЛАБОТИ УМУМӢ

  1. Маводи чопшавандаро дар ҳаҷми аз 3 то 10 саҳифаи пурра, дар қоғази сафеди андозааш А4 (210х297) бо ҳошияҳои андозааш 20 мм аз боло, поён, чап ва рост ҷойгир кардан лозим аст. Рақамгузорӣ карда нашавад. Маводи гузоришро бо истифода аз таҳриргари Win Word-2010 (на пасттар аз версияи 6.00) бо шрифти Times New Roman, Times New Roman Tj бо андозаи 12 таҳия кардан лозим аст, Фосилаи байни сатрҳо 1,15 ва маълумот дар бораи муаллиф бо забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ (рақами телефон ва е-mail).
  2. Мавод бояд ҷавобгӯи чунин талабот бошад: номи мақола, ному насаби муаллиф, номи ташкилот, шаҳр, давлат, матни асосӣ, хулосаҳо, рӯйхати адабиёт. Номи мақола бояд бо ҳарфҳои калон (сиёҳкардашуда) чоп шуда, сатҳи ҳошияи боло нигоҳ дошта шавад. Номи мақоларо дар марказ ҷой додан лозим аст. Ҷои як сатрро холӣ гузошта ному насаби муаллифро (бо ҳарфҳои сиёҳкардашуда) сабт намудан лозим аст. Гузаронидани қисми калима ба сатри нав манъ аст. Дар қавс, ба намуди курсив, намуди кӯтоҳкардашудаи ташкилот, шаҳр, давлат (бо вергул, дар марказ) ҷойгир кардан лозим аст. Ҷои як сатрро холӣ гузошта ному насаби муаллифро (бо ҳарфҳои сиёҳкардашуда) сабт намуда, номи ташкилотро дар марказ ҷойгир кардан лозим аст.
  3. Расм, тасвир, диаграмма ва нақшаҳоро бо формати *bmp, *gif, *jpg,  *dwg андозаи на камтар аз 60х60мм бо объектҳо (мавод) дохил карда, дар рафти ҷойгиршавии мавод ҷо ба ҷо кардан лозим аст.
  4. Ҷадвалҳо бояд ном дошта бошанд. Дар объекти (мавод) ҷойгиркардашуда дар зери ҳар як расм ё дар болои ҷадвал рақам ва номҳои он сабт карда мешавад. Ҳар расм ё ҷадвал аз боло ё поён аз матн бояд бо 1 фосилаи байнисатрӣ ҷудо карда шавад. Ҷадвал ё расмро дар як саҳифа ҷойгир кардан шарт ва зарур аст, яъне нисфи ҷадвал ё расм ба саҳифаи дигар нагузарад.
  5. Формулаҳо бо курсив навишта шуда, бояд аз матни асосӣ як фосила дошта бошанд ва дар марказ ҷой дода шуда, рақамгузорӣ карда шаванд (дар ҳолати овардани иқтибос аз матн). Рақамҳо дар қавсҳои нимдавра оварда шуда, бо сарҳади аввали ҳошия баробар карда шаванд. Таҳриргари формулаҳо Microsoft Equation аст. Намуди формулаҳо барои Microsoft Equation: Full-12-pt Subscript/Superscript-10 pt. Sub- Subscript /Superscript-8 pt, Symbol -12 pt, Sub-Symbol-10 pt.
  6. Матни гузориш, расм ва тарғибномаро дар флеш-корт ё СD-диск сабт намуда, дар зери он ному насаби муаллиф ва муассисаро (мисол, Табаров А.Б., ДТТ) овардан зарур аст.
  7. Маводе, ки ба талабот ва мавзӯи конференсия ҷавобгӯ нест, инчунин маводе, ки ба кумитаи тадорукот дер дастрас мешавад, қабул карда намешавад.
  8. Маблағи чопи як саҳифаи мақола барои муаллифон аз донишгоҳ 5 сомонӣ, ҷумҳурӣ 10 сомони ва муаллифон аз хориҷи кишвар 20 сомониро ташкил медиҳад.

Олимон, омӯзгорон, аспирантону унвонҷӯён, магистрантон ва докторантон (PhD) ва дигар шахсоне, ки майли иштирок дар кори конференсия доранд, хоҳишмандем, то 1 ноябри соли 2022 мақолаҳои илмии таҳриршудаи худро дар ҳаҷми аз 3 то 10 саҳифа ба суроғаи электронии vestnik-tut@mail.ru ва ҳатман як нусхаи чопии онро ба суроғаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев 63/3 ирсол намоянд.

 Телефонҳо барои тамос:

(8-992-37) 234-79-89;   234-94-26

E-mail: vestniktut@mail.ru