Дар доираи Лоихаи ELBA – Таъсиси марказҳои омӯзишию тадқиқотӣ ва таҳияи курсҳо оид ба таҳлили зеҳнии Додаҳои Калон (BigData) дар Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз санаи 30.05.2022 то 03.06.2022 курси бозомӯзӣ оид ба методология ва малакаҳо оид ба IBDA, ки аз ҷониби Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ҳамкории профессорони Донишгоҳи Приморска (Словения) Бранко Кавсек ва Ҷерней Вичич бо давомнокии як ҳафта ташкил ва гузаронида шуд. Дар курси мазкур тариқи он-лайн ва оф-лайн 56 нафар устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Қазоқистон, Узбекстон, Қирғизистон ва Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд. Аз ҷониби Бранко Кавсек ва Ҷерней Вичич дарсҳо ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ гузаронида шуданд. Баъд аз анҷоми курс дар толори қироатхонаи донишгоҳ ба 30 нафар устодон ва донишҷӯён сертификатҳо аз ҷониби профессорони Донишгоҳи Приморска (Словения) Бранко Кавсек ва Ҷерней Вичич ва муовинони ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Фирузҷон Ғафоров ва Хайёл Бобоев супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамоҳангсози кулли лоиҳа – Донишгоҳи Сантяго Де Компостелаи Испания буда, мақсади лоиҳа дар маҷмӯъ баланд бардоштани нерӯи илмии мутахассисон тавассути таҳия ва татбиқи маҷмӯи бисёрсоҳаи курсҳои модулӣ барои донишҷӯёни зинаи бакалавр, ва мутахассисони муҳандисӣ оид ба таҳлили интеллектуалии додаҳо (маълумот) дар миқёси калон (IBDA) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути ҳамкорӣ бо ин соҳа мебошад.
Лоиҳа бо фароҳам овардани имкониятҳо барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи таҳлили интеллектуалии додаҳои (маълумотҳои) калон (IBDA) бо заминаҳои гуногунҷабҳаи ва дастрасӣ ба воситаҳои самараноки муосири IBDA дар асоси таҷриба ва технологияҳои AI, ки ба рушди устувор мусоидат мекунад, равона шудааст.