22-юми феврали соли ҷорӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раёсат, устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Дар сархати барнома сухани табрикотии ректори донишгоҳро муовини ректор оид ба тарбия Ситора Абдумуминзода ба ҳозирин қироат намуд. Қайд намуданд, ки Артиши миллӣ зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, дар назди давлат вазифаҳои пуршараф, ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти кишвар ва ҷомеаро гузоштааст.
Барои болидахотирии ҷамъомадагон ансамбли “Зуҳал”-и донишгоҳ ва хонандагони литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе як барномаи рангинеро намоиш доданд, ки писанди ҳозирин гардид ва бо кафкӯбиҳои бардавом ҷамъбаст гардид.