Ташрифи Сафири Ҷумҳурии Белорус Виктор Александрович Денисенко дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

22-юми феврали соли 2022 тибқи мактуби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Александрович Денисенко ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ташрифи Сафир аз соати 10-30 то 12 бо риояи протоколи қабули меҳмонони хориҷӣ аз тарафи ректори донишгоҳ Амонзода Илҳом Темур ва шахсони мутассадӣ ба вуқуъ пайваст. Суҳбати самимӣ ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои тарафайн дар заминаи Протоколҳои Ҳукуматӣ ва Комиссияи байни давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм муҳокима гардид.