Табрикоти ректор Амонзода И.Т. ба аҳли устодон ҷиҳати аъзогии донишгоҳ ба Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникӣ

Устодони гиромӣ!

Боиси сарфарозист, ки бо заҳматҳои пайвастаи Шумо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон миёни донишгоҳҳои ватанӣ ва хориҷӣ дорои нуфузу эътибори баланд гардидааст. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон сарфи назар аз ҷавонии худ яке аз пешсафони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегияи давлатӣ дар соҳаи маориф саъй намуда, инчунин ба баланд бардоштани мақоми худ дар соҳаи маориф диққати махсус медиҳад.

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ягона донишгоҳест, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони рақобатпазирро дар соҳаи саноати сабук ва хӯрокворӣ омода мекунад. Инчунин вобаста ба таҷрибаи ҷаҳонӣ дар донишгоҳ ихтисоси нав – зеҳни сунъӣ таъсис дода шудааст, ки шурӯъ аз соли нави таҳсили 2022-2023 довталабонро қабул менамояд.

Барномаҳои таълимӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, нақшаҳои таълимии ихтисосҳо аз фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ иборат буда, дар он дарсҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегиранд.

Бо қарори Шӯрои аккредитатсияи Агентии мустақили рейтинг ва аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон аз 28 феврали соли 2020, таҳти №49 ду барномаи донишгоҳӣ барои 5 сол ва як барномаи таҳсил барои 3 сол соҳиби Шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалии барнома гардиданд.

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар тули мавчудияти худ барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ зиёда аз 14500 нафар мутахассисони баландихтисосро тайёр кардааст, ки зиёда аз 600 нафари онҳо бо дипломи аъло хатм кардаанд.

Ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ васеъ буда бо пеш аз 102 таълимгоҳҳои олии хориҷи кишвар ҳамкорӣ дорад. Мутахассисон аз хориҷи кишвар даъват карда шуда, аз фанҳои тахассусӣ ба донишҷуён дарс медиҳанд. Ҳар сол дар доираи барномаҳои байналмилалии ЭРАСМУС+, GIZ соҳиби чандин грантҳо мегардад, ки онҳо ба кормандон ва донишҷўён барои дар хориҷи кишвар таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ  намудан имкониятҳои васеъро фароҳам меоваранд.

Маҳз ҳамин дастовардҳо ва заҳматҳои пайваста, донишгоҳҳро ба аъзогии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникӣ санаи 10 феврали соли 2022, таҳти №172 қабул намуд, ки ин пирӯзиро ба ҳамагон табрик мегӯям.

Саломату муваффақ бошед!