Баргузории он-лайн дарсҳои зеҳни сунъӣ бо ҷалби устодони Донишгоҳи aSSIST Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Дар доираи супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия ва васеъ истифода намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мамлакат инчунин қабул ва татбиқи Стратегияи миллии «зеҳни сунъӣ» бар меояд, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон санаи 3 феврали соли 2022 аввалин он-лайн машғулиятҳо бо ҷалби устодони варзидаи соҳаи зеҳни сунъӣ аз Донишгоҳи aSSIST Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ оғоз гардиданд.

Давраи муосири рушди илмӣ-техникӣ уфуқҳои нави тағйироти иқтисодиро дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ муайян кард. Яке аз самтҳои муҳими тағиротҳои иқтисодӣ ин рақамикунонии иқтисодиёт мебошад, ки дар заминаи технологияҳои рақамӣ ташаккул дода мешавад.

Бо ин мақсадҳо, ҷиҳати иҷрои фармоиши Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2021 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон факултети технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба факултети технологияҳои иттилоотӣ ва интелекти сунъӣ тағйири ном карда шуд. Ҳамзамон дар донишгоҳ лабораторияи Зеҳни сунъӣ низ таъсис дода шудааст, ки дар он курсҳои сертификатсионӣ барои такмили ихтисос ташкил карда мешаванд.

Шурӯъ аз соли таҳсили 2022-2023 дар донишгоҳ ихтисоси интеллекти сунъӣ таъсис дода шудааст, ки мутахассисонро мутобиқи талаботҳои стандартҳои байналмилалӣ бо ҷалби мутахассисон аз Кореяи Ҷанубӣ омода менамояд.

Мавриди ёдоварист, ки бо мусодати Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ҳамкориҳои донишгоҳ бо донишгоҳҳои Кореяи Ҷанубӣ рӯз аз рӯз вуъат меёбанд. Дар доираи ин ҳамкориҳо имрӯз аввалин дасрҳо оид ба интеллекти сунъӣ тариқи он-лайн бо ҷалби устодони варзидаи Донишгоҳи aSSIST баргузор гардид, ки ин як қадами устувор дар тайёр намудан мутахассисони сатҳи байналмилалӣ мегардад. Он-лайн машғулиятҳо дар як чанд марҳила баргузор гардида, марҳилаи аввал муддати 4 моҳ идома ёфта, баъди аз он бомуваффақият супоридани имтиҳонҳо ба донишҷӯён сертификатҳои сатҳи байналмилалӣ дода мешавад. Ғайр аз ин, ҳамкориҳои донишгоҳ бо Коллеҷи лифтии Корея низ тақвият ёфтаанд, ки дар оянда имконият медиҳад мутахассисонро барои таъмир ва ҷурсозии лифтҳои замонавӣ ба курсҳои кутоҳмуддат ҷалб намуда, ҷиҳати таъмири лифтҳои замонавӣ сафарбар намояд.

Дар робита бо ин, директори генералии ширкатҳои HansBlock OU, Hans Biotech Co.Ltd ва One Heart Smart Co.Ltd ҷаноби Бэки Хан худи имрӯз дар он-лайн машғулиятҳо ширкат варзида аз Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсонии Тоҷикистону Корея (WTIT) ва факултаи технологияҳои иттилоотӣ ва интелекти сунъӣ дидан намуда, таассуроти худро баён намуданд. Зимни муколама ҷаноби Бэки Хан ба муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ – Ф.М. Ғафоров иброз доштанд, ки барои расонидани кӯмак дар тайёр намудани мутахассисон дар Кореяи Ҷанубӣ дар самти технологияҳои рақамӣ омода мебошанд. Инчунин ҷаноби Бэки Хан оид ба коркардҳои илмӣ дар самти биохимия таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар кори баргузор гардидани он-лайн дарсҳо намояндагони ВАО (ТВ “Тоҷикистон” ва “Ҷаҳоннамо”) даъват шуданд. Инчунин дар нақша аст, ки дар рӯзҳои наздик дар шабакаи “Ҷаҳоннамо” устодони донишгоҳ дар самтҳои татбиқи зеҳни сунъӣ ва омода намудани мутахассисон маърузаҳо хоҳанд кард.

Таъсиси ихтисосҳои соҳаи Зеҳнӣ сунъӣ ва лабораторияи он бо назардошти коркарди интеллектуалии Додаҳои Калон (Big Data) дар донишгоҳ дар тайёр намудани ихтисосмандони соҳаҳои номбурда нақши калидӣ хоҳад бозид.

Бо назардошти пайдо намудани имкониятҳои бештар фаъолияти инноватсионии донишгоҳ дар самти рушди технологияҳои рақамӣ дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назарраси илмӣ-тадқиқотии муштарак ва интиқоли технологияҳои пешрафтаи соҳа ноил мегардад.

Бояд қайд намуд, ки дар самти ҷорӣ намудани ихтисосҳои Зеҳни сунъӣ ва таҷрибаи Лабораторияи интелекти сунъӣ tajrupt.ai бо ширкати Азизҷон Азимӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон як чанд маротиба он-лайн семинарҳо ва мизи мудаввар низ гузаронида шуд.

Мавриди ёдоварист, ки донишгоҳ ҳамкориҳоро бо дигар муассисаҳои таълимии дохил ва хориҷи кишвар рӯз аз рӯз тақвият медиҳад. Дар соли 2017 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  бо ташкилоти куриёгии WTIT – “Интиқоли технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии ҷаҳонӣ” шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки дар ин асно якчанд лоиҳаҳои муштарак дар самти омодасозии мутахассисони самти барномасозии компютерӣ амалӣ гардидаистодаанд, ки ин заминаи муҳим дар самти татбиқи элементҳои Зеҳни сунъӣ мебошад.