Нишасти матбуотӣ дар ДТТ

3- юми феврали соли равон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва доираи васеи намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ Амонзода Илҳом Темур ҳусни оғоз бахшида, журналистонро, ки дар пешрафти ҷомеа ва рушди ҳамаҷонибаи он нақши муасир доранд, хайрамақдам гуфт ва баъдан доир ба фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи дуюми соли 2021 суханронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ нимсолаи дуюми соли 2021- ро бо натиҷаҳои хуби таълимию методӣ ва илмию тадқиқоти ҷамъбаст карданд.
Дар идомаи суханрони ректори донишгоҳ доир ба самти таълиму тарбия, фаъолияти илмӣ ва робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи илм дар истеҳсолот, фаъолияти хоҷагидорӣ ва ободонию сабзкорӣ, фаъолият дар самти пешгирӣ ва паҳн нагардидани бемории коронавирус COVID – 19 ва фаъолияти литсейи инноватсионии “Душанбе” ҳарф зада, натиҷаҳои онро хурсандибахш арзёбӣ намуд.
Баъдан миёни роҳбарияти донишгоҳ ва журналистон доир ба шароиту имкониятҳои таҳсил, робитаҳои илмию таълимии донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар, ҷараёни таҷрибаомӯзии донишҷӯён, бо ҷои кор таъмин намудани онҳо ва дигар масоили вобаста ба беҳтару хубтар ба роҳ мондани сатҳу сифати таълим ва омода намудани мутахассисони рақобатпазири ба талаботи бозори меҳнати дохили кишвар ва хориҷи он, ҷавобгӯ саволу ҷавоб сурат гирифт.
Дар хотимаи нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ ба намояндагони васоити ахбори омма барои иштирок дар баргузории чунин як суҳбати озоду самимӣ, ки ба пешрафт ва рушди минбаъдаи донишгоҳ ва илми ватанӣ таъсири мусбат хоҳад гузошт, изҳори сипос намуд.