Санаи 10 январи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба Интернет-платформаи ягонаи “Шабакаи Осиёи Марказии интиқоли (трансфери) технологияҳо” баргузор гардид. Дар саминар муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ – Ғафоров Ф.М. суханронӣ намуда, роҷеъ ба ҷорӣ намудани Интернет-платформаи ягонаи “Шабакаи Осиёи Марказии интиқоли (трансфери) технологияҳо” маълумот дод. Баъдан ҳамоҳангсози Маркази интиқоли (трансфери) технологияҳо, таҳсилот ва соҳибкории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон – Толиб Баҳромӣ оид ба татбиқи Интернет-платформаи ягонаи “Шабакаи Осиёи Марказии интиқоли (трансфери) технологияҳо” ба иштироккунандагон презентатсия манзур намуд.
Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар санаи 15 ноябри соли 2021 вохӯрии роҳбарияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон ба номи Исҳоқ Раззоқов ва Донишгоҳи технологии Алмаато (Қазоқистон) оид ба муҳокима ва баррасӣ масъалаи таъсиси Интернет-платформаи ягонаи “Шабакаи Осиёи Марказии интиқоли (трансфери) технологияҳо” дар заминаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон ба номи Исҳоқ Раззоқов ва Донишгоҳи технологии Алмаато (Қазоқистон) баргузор гардид, ки амалишавии ин лоиҳа замимаи муҳим барои оммавигардонӣ ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои коркардҳои илмӣ дар миқёси минтақа мегардад. Дар вохӯрии мазкур инчунин лоиҳаи созишнома оид ба ҳамкорӣ дар самти таъсис ва фаъолияти Интернет-платформаи ягонаи “Шабакаи Осиёи Марказии интиқоли (трансфери) технологияҳо” дар заминаи се донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифта, созишномаи мазкур аз ҷониби тарафҳо ба имзо расонида шуд.