Бо мақсади ҳамбастагии илм ва истеҳсолот санаи 8-уми январи соли 2022 ташрифи Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Кабир, намояндагони Вазорату идораҳо ва роҳбарони корхонаву муассисаҳои соҳаи саноат ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон сурат гирифт.
Нахуст Вазир аз шарту шароит, имкониятҳои ҷойдошта ва дастоварду музаффариятҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дидан намуда, бо онҳо суҳбат намуд.