Донишгоҳи технологии Тоҷикистон моҳи июли соли 2021 дар рейтинги Ranking Web of Universities мавқеи сеюмро ишғол намуд. Бояд қайд намуд, ки Ranking Webometrics of Universities World, инчунин бо номи Ranking Web of Universities маълум аст. Он як системаи рейтинги ҷаҳонии донишгоҳҳо дар асоси метрикаи муттаҳидшудаест, ки ҳам ҳаҷми мундариҷаи веб (шумораи саҳифаҳо ва файлҳо) ва ҳам таъсири намоёни ин нашрияҳоро дар бораи иқтибосҳои беруна ба назар мегирад. Рейтинг аз ҷониби Cybermetrics Lab, ки як гурӯҳи тадқиқотии Шӯрои Миллии Тадқиқоти Испания (CSIC) дар Мадрид мебошад, нашр мегардад.

Мақсад аз баргузории рейтинг афзоиши ҳузури академияҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ дар интернет ва мусоидат ба нашри ошкорои натиҷаҳои фаъолияти илмӣ мебошад. Рейтинг соли 2004 пайдо шуда, ҳар моҳҳои январ ва июл нав карда мешавад. Имрӯз он ба зиёда аз 12 000 донишгоҳҳои ҷаҳон нишондиҳандаҳои веб пешниҳод мекунад.

https://webometrics.info/en/Asia/Tajikistan