ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗӮИ “ТАШКИЛ ВА ПЕШБУРДИ ФАЪОЛИЯТИ БИЗНЕС ИНКУБАТОРҲО ВА РУШДИ АКСЕЛЕРАТОРҲО”

Санаи 30.11.2021 бо ташаббуси садорати факултети иқтисодиёт ва молияи ДТТ дар доираи лоиҳаи MIETC – “Таҳияи барномаи магистрӣ оид ба идоракунии соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои дар давраи гузариш” дар толори китобхонаи донишгоҳ семинари омӯзишӣ бо иштироки мутахассисони ташкилоти тиҷоратии «ECBP»  аз ш. Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон Алия Ахметова ва Джанаргул Кулмагамедова дар мавзӯи  “Ташкил ва фаъолияти  Бизнес инкубаторҳо ва рушди акселераторҳо” барои омӯзгорони равияҳои иқтисодӣ гузаронида шуд.

Дар семенари мазкур заририяти  самаранокии ташкили бизнес инкубаторҳо ва истифодаи дурусти захираҳо дар  ҳудуди технопаркҳо ва таъсири онҳо барои рушди соҳибкории саноатӣ  мавриди бараси  қарор гирифт. Ҳамчунин истифодаи самараноки усулҳои тафаккури интиқодӣ ва тарҳрези (дизайн)-и  тафаккур зимни таҳия ва коркарди бизнес-лоиҳаҳо, ҷалби мизоҷон  ва пешбурди мол дар бозорҳои истеъмолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ичунин, масъалаи минбаъд дар барномаҳои таълимӣ ворид намудани  фанҳои тафаккури интиқодӣ ва тарҳрези (дизайн)-и  тафаккур муҳим дониста шуд. Дар охир байни намояндагони ташкилоти қазоқии «ECBP»  ва  омӯзгорони ДТТ музокироти муфид баргузор шуда, ҳар кадоме  ба саволҳои худ  ҷавобҳои қонеъкунанда пайдо намуданд.