🔹Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши тантанавию идонаи ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ҷавонон дар масири Истиқлолият ва давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
🔸Дар кори ҳамоиш Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода,муовини ректор оид ба тарбия Абдумуминзода Ситора, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯзи Рамазон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
🔹Аҳли раёсат атрофи дастоварду музаффариятҳои 30-соли Истиқлолияти давлатӣ ва ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пойдории Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ, инчунин бунёди ҷомеаи демократӣ ва ғайр андешаронӣ намуданд.
🔸Аз ҷониби раёсат ба як қатор фаъолон сипосномаҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон дар масири истиқололият ва давлатдориии миллӣ” тақдим гардид. Дар маросими сарфароз гардонӣ муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ Абдумуминзода Ситора, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шеров Маҳмадалӣ, мудири бахши кор бо занон ва духтарон Комилова Нилуфар ва мутахассиси шуъбаи ташкилию тарбиявӣ Ашуров Қобилҷон бо сипосномаҳои раёсат қадрдонӣ шуданд.
🔹Пас анҷоми қисмати расмии ҳамоиш ба меҳмонон ва иштирокчиён чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби ансамбли “Зуҳал”-и донишгоҳ пешниҳод гардид.
,