Ифтитоҳи иншоотҳо баъд аз таъмир дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Кабир
Санаи 1-уми сентябри соли 2021, баъд аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки дар Гимназияи рақами 4 барои хонандагони болаёқати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Кабир ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ташриф оварда аз толори маҷлисгоҳ, департаменти таълим ва идораи сифати таҳсилот ва китобхонаи илмии донишгоҳ, ки аз таъмири ба талаботҳои замони муосир ҷавобгӯ бароварда шуда буд, дидан намуданд.
Китобхона бо стандартҳои байналмилалӣ сохта ба истифода дода шуда, бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Китобхона аз толори хониш, шуъбаи хизматрасонӣ ба хонандагон, шуъбаи коркарди адабиёт ва феҳристнигорӣ, толори мутолиаи электронӣ, толори Конференсияҳои онлайнӣ, шуъбаи адабиёти бадеӣ ва матбуоти даврӣ ва озмоишгоҳи иқтисодӣ оид ба рушди соҳибкории саноатӣ иборат мебошад.
Зимни ташриф дар толори Конференсияҳои онлайнӣ, онлайн-конференсия миёни намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони коллеҷу донишгоҳҳо ва ассотсиатсияи муҳандисони Ҷумҳурии Корея сурат гирифт.