🔹Дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи Дониш ҳамчун санаи муҳим таҷлил карда мешавад, ки ин шаҳодат аз таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат ба аҳли илму маориф мебошад.
Санаи 1-уми сентябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи дониш” маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
🔸Маҷлиси тантанавиро муовини ректор оид ба тарбия Абдумуминзода Ситора ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва донишҷӯёнро ба донишгоҳ хайрмақдам намуданд. Сухани табрикотии Ректори донишгоҳро муовини якуми ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот Тошматов М.Н ироа намуда, қайд намуданд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон заминаи моддї – техникии донишгоњ сол то сол мустањкамтар гардида, шароиту имкониятњои омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори мењнат раќобатпазир бештар гардида истодаанд. Дастовардҳои зиёде, ки Донишгоњи технологии Тољикистон дар зарфи 30 соли Истиќлолият соњиб гардид, самараи Истиќлолият ва фаъолияти пурсамари Шумо – њайати профессорону омўзгорон ва кормандон бањри амалї намудани сиёсати оќилонаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маорифро самти афзалиятнок эълон намудаанд, мебошад.
🔹Сипас муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Амирзода Маҳмуд Ҳомид баромад намуда, ҳозиринро бо фаро расидани соли нави таҳсил муборакбод намуданд. Қайд намуданд, ки рушди соҳаи маориф яке аз вазифаҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, тамоми тадбирҳо ҷиҳати рушди ин соҳа андешида шуда истодаст. Аз донишҷӯёни соли аввали таҳсил даъват ба амал оварданд, ки дар роҳи интихобкардаи хеш устувор бошанд, илм омӯзанд ва дар рушду нумӯъи Ватани маҳбуб саҳмгузор бошанд.
🔸Инчунин дар чорабинӣ донишҷӯи курси чорум тамоми донишҷӯёни соли аввали таҳсил матни табрикоти ироа намуданд. Донишҷӯёни зинаи аввали таҳсил аз номи кулли донишҷӯёни курси якум савганди тантанавӣ ёд намуда, баҳри рушд додани истеъдоду малака, сайқал додани савияи дониш, омӯзиши ихтисос, баландбардории шаъну шарафи донишгоҳ ва ҳамеша эҳтиром доштан ба ҳайати кормандону омӯзгорон савганд ёд намуданд.
🔹Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи дастаи ҳунарии “Зуҳал”-и донишгоҳ як барномаи рангин ба донишҷӯён ва омӯзгорон пешниҳод гардид. Зикр бояд кард,ки барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуда, писанди ҳамагон гардид.