Таманниёти ректори донишгоҳ Амонзода Илҳом Темур ба ифтихори соли нави таҳсил ва 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати оғози соли нави таҳсил, ки ҳамасола аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарси сулҳ шурӯъ мегардад ва бузургтарин дастоварди миллату давлат – Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон, ки дар арафаи 30 – солагии он қарор дорем, самимона табрику муборакбод мегӯям.
Воқеан ҳам мафҳуми Истиқлолият барои ҳар як миллат азизу муқаддас аст. Чунки омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, истиқлолият барои мо тоҷикон, ки баъди зиёда аз ҳазор сол, боз аз нав соҳиби давлати миллӣ гардидем, ҳамчун арзишҳои муқаддастарин қадру қимати бузург дорад.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор нафар муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад» Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки Ватани азизамон–Тоҷикистони биҳиштосоро сидқан дӯст дорем, баҳри ободиву шукуфоии он кӯшишу ғайрати зиёд ба харҷ диҳем, дар боз ҳам мустаҳкамтар гардидани ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият саҳми арзандаи хешро гузорем.
Устодон ва донишҷӯёни азиз! Боиси хурсандӣ ва фараҳмандист, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи моддӣ – техникии донишгоҳ сол то сол мустаҳкамтар гардида, шароиту имкониятҳои омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир бештар гардида истодаанд.
Дастовардҳои зиёде, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар зарфи 30 соли Истиқлолият соҳиб гардид, самараи Истиқлолият ва фаъолияти пурсамари Шумо – ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон баҳри амалӣ намудани сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маорифро самти афзалиятнок эълон намудаанд, мебошад.
Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонид. Имрӯз аксар давлатҳои дунё бо кишвари азизи мо – Тоҷикистон ҳамкорӣ ва муносибатҳои дӯстона дошта, равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд, ки ин аз сиёсати дурусти пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, бахусус, Президенти маҳбуби кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон башорат медиҳад.
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки онро метавон зодаи Истиқлолият номид, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба яке аз мактабҳои олии бонуфузи кишвар табдил ёфта, дар тарбия ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи дорои тахассуси олӣ дар риштаҳои технологӣ, иттилоотӣ, иқтисодӣ ва дизайн саҳми арзанда дорад. Донишгоҳ ҳамкориҳои судмандро бо беш аз 100 таълимгоҳи хориҷӣ ба роҳ мондааст. Айни замон дар сохтори донишгоҳ Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара, Гимназия дар шаҳри Кӯлоб ва Литсейи инноватсионии «Душанбе» хуб фаъолият доранд, ки ин ҳама маҳз ба шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизамон арзи ҳастӣ кардаанд.
Омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Ғамхориҳои ҳамешагии давлату ҳукумати кишвар ҳар яки моро водор менамоянд, ки баҳри татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус амалӣ намудани ҳадафҳои чоруми миллат, яъне аз кишвари аграрӣ – саноатӣ ба кишвари саноатӣ – аграрӣ табдил додани Тоҷикистон ва суханрониашон дар Рӯзи дониш дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат сидқан заҳмат кашида, кӯшишу ғайратамонро баҳри тайёр намудани мутахассисони воқеан ҳам рақобатпазири бозори меҳнат равона созем ва ҷашни дарпешистода – 30 солагии Истиқлолияти кишвари азизамонро бо дастовардҳои арзанда сазовор истиқбол гирем.
Бори дигар соли нави таҳсил ва ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистони азизро бароятон муборакбод мегӯям!