Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон се нафар устодон – Муовини аввали ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилоти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Тошматов Маҳмуд Негматович, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ Усмонова Туфа Ҷумаевна бо медали “Хизмати шоиста” ва декани факултети технология ва дизайн Иброгимов Холназар Исломович бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Шуморо бо ба даст овардани мукофотҳои давлатӣ муборакбод намуда, дар корҳои минбаъдаатон музаффариятҳои нав ба навро орзу менамояд!