🔸Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон, Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон муҳтарам Амонзода Илҳом Темур бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуданд.
🔹Ифтихори ҳайати кормандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад, ки дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дастоварди беназир насиби мо гардид.
🔹Ҳайати кормандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Шуморо бо ба даст овардани ин мукофоти давлатӣ муборакбод намуда, дар корҳои минбаъдаатон музаффариятҳои нав ба навро орзу менамояд!
🔸Бо Шумо ифтихор дорем!