Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар рейтинги беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон дар байни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи сеюм ва,дар байни 31 000 таълимгоҳҳои олии ҷаҳон мавқеи 14532-ро ишғол намуд.
Рейтинги мазкур дар асоси пажӯҳиши Шӯрои миллии тадқиқоти Испания (CSIC), ки дар Мадрид ҷойгир аст, нашр мегардад. Webometrics Ranking of Universities World, ки бо номи Ranking Web of Universities маъруф аст, системаи глобалии рейтинги донишгоҳҳо мебошад, ки вобаста ба якчанд нишондод, аз ҷумла нашри тадқиқотҳои илмӣ дар маҷаллаҳои байналмилалии Scopus, Web of science, Google Academy ва ғайра, иқтибоси беруна ба мақолаҳои илмӣ, фаъолияти илмӣ-тадқиқотии аспирантон ва татбиқи натиҷаи онҳо дар хориҷи кишвар, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ, дарёфти патентҳои сатҳи байналмилалӣ ва фаъолияти сомонаи интернетӣ асос ёфтааст. Рейтинги мазкур дар асоси пажӯҳиши Шӯрои миллии тадқиқоти Испания (CSIC), ки дар Мадрид ҷойгир аст, ҳамасола нашр мегардад.