27-уми июн аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, яъне Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки он барои тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон азизу муқаддас маҳсуб мешавад, 24 сол сипарӣ мегардад.
Ба ин муносибат Шумо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромиро сидқан табрику таҳният гуфта, бароятон хушбахтӣ ва дар амалӣ намудани нияту нақшаҳоятон ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сифати таълим ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барору комёбӣ орзу менамоям.
Ваҳдати миллӣ, ки рушду нумуъ ва ободию шукуфоии имрӯзу фардои Ватан аз он сарчашма мегирад, ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки дар боз ҳам мустаҳкамтар гардонидани пояҳои ваҳдати миллӣ ва устувории сулҳу суботи кишвар ҷаҳду талошҳои зиёд намуда, дастоварду комёбиҳоямонро афзун намоем.
Омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромӣ, тавре Президенти маҳбуби кишварамон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Ҳар як сокини кишвар, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаи сиёсии худ бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ӯ фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад”. Дар алоқамандӣ ба ин, мову Шумо, ки омӯзгор ҳастему дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат, бахусус тарғибу ташвиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бештар гузошта метавонем, муваззаф ҳастем, ки ҷавонон – донишҷӯёнро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва манфиатҳои давлатию миллӣ тарбия намоем. Боварӣ дорам, ки Шумо – ҳамкасбони азиз, аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи муҳим бо сарбаландӣ баромада, дар кори таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони рақобатпазири ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ саҳми муносиб мегузоред. Омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромӣ, бо дарназардошти он, ки сулҳ барои мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон хеле гарон ва бо роҳи мушкилу тӯлонӣ ба даст омад, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва шукрона кунем, ки дар фазои сулҳу субот кору зиндагӣ карда истодаем. Маҳз ҳамин ҷиҳатро ба назар гирифта Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки: “Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳама гуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра болотар ва дахлнопазир бошад, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, эҳтиром ва якпорча созад”. Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар бораи аҳамияти бузурги ваҳдати миллӣ гуфтааст:
Ҳастии мо дар кафи мушти ту танҳо бегазанд аст!
Ҳастии мо бо ту зебо, бо ту ширин, бо ту қанд аст!
Бори дигар Шумо омӯзгорону донишҷӯёни гиромиқадрро ба Рӯзи ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, орзуманди онам, ки тамоми мақсаду ниятҳои некатон ҷомаи амал пӯшад.


