Рузи 29 апрели соли 2021 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҷлили ҷашни 110-солагии мунодии сулҳу вассофи Ватан, шоири тавоно, мураббии аҳли сухан ва яке аз муборизони фаъоли дӯстии халқҳои олам устод Мирзо Турсунзода ва ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни ин симои таърихии миллат конференсияи илмӣ-амалӣ зери унвони “Мирзо Турсунзода-вассофи сулҳу дӯстӣ” баргузор гардид.
Дар кори конференсия олимони соҳа, омӯзгорони кафедраи забони тоҷикӣ, меҳмонон аз Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва дигар донишкадаву донишгоҳҳо, донишӯёни курсҳои якуми факултетҳои донишгоҳ иштирок карданд.
Сухани ифтитоҳиро мовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ Ғафоров Ф.М. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки ба зодрӯзи арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, собиқ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, собиқ раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо, барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру, Ҷоизаи давлатии СССР, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ ва тарҷумон, шоири шаҳир, устод Мирзо Турсунзода 110 сол пур мешавад. Мирзо Турсунзода Ватанро, ки муқаддастарин мафҳум дар рӯи замин аст, бо неруи хирад ва санъати олии шоирӣ сароидааст. Дар воқеъ, агар офтоб бо нуру гармиаш дар сипеҳри зиндагӣ эътибор дошта бошад, устод Турсунзода бо ишқу муҳаббати Ватан ва тараннуми он дар ҷаҳон мақоми хос пайдо кардааст.
Инчунин, д.и.ф.,профессор Хоҷамуродов О.Ҳ. дар мавзӯи “Турсунзода ва Низомӣ”, д.и.ф., мудири кафедраи забони тоҷикӣ Шарифова Г.А., дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода ва равобити адабӣ”, н.и.ф., ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Ҷ.Саидзода дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода – мунодии сулҳ”, н.и.ф., дотсенти кафедраи забонҳои ДДТТ Қаҳҳоров М., дар мавзӯи “Симои Турсунзода дар сипосномаи Лоиқ Шералӣ”, ассистенти кафедраи забони тоҷикии ДССХ Дайхудоев В.У., дар мавзӯи “Инсон ва табиат дар ҳунари зебоишиносии Мирзо Турсунзода”, унвонҷӯи Институти масъалаҳои омӯзиши Осиё ва Аврупо Саъдуллоева Т. дар мавзӯи “М.Турсунзода ва инкишофи назми муосири тоҷик” муфассал суханронӣ карданд.
Дар хотима, аз ҷониби донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ шеъру достонҳо дар мавзӯи “Модар, “Зан”, “Ватан”, “Сулҳу дӯстӣ”, ва ғ. аз ашъори шоир бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, узбекӣ, русӣ қироат карда шуд.
Суратгузориш аз ҷараёни конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода – вассофи сулҳу дӯстӣ”
29 апрели соли 2021








