Рузҳои 23 – 24 апрели соли 2021 дар толори шӯрои олимони донишгоҳ оид ба амалигардонии саноатикунонии босуръати мамлакат, ҳамчун ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯъи “Амалигардонии саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ: проблемаҳо ва роҳҳои ҳалли он” баргузор гардид.

Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот Тошматов М.Н. дар суханронии ифтитоҳии хеш ташрифи меҳмонон, омӯзгорон, олимон ва муҳаққиқонро ҷиҳати иштирок дар конференсия хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки мамлакати мо имрӯз дар марҳилаи амалигардонии саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ қарор дорад. Баргузории конференсия, маърӯзаҳои олимони донишгоҳ дар он бояд барои амалигардии ин ҳадаф як такконе бахшад. Дар охири суханаш Тошматов М.Н. ба кори конференсия барору комёбӣ хост.

Сипас сардори раёсати муассисаҳои таълимии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ Рузизода А. дар баромади худ дар бораи проблемаҳое, ки дар саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ вуҷуд доранд суханронӣ намуда, ба кори конференсия барору комёбиҳо орзу намуд.

Мувофиқи барномаи конференсия дар ҷаласаи ифтитоҳӣ аз тарафи устодон 5 гузориши илмӣ пешниҳод гардиданд, ки ҷолибу қобили баҳсҳо буданд, аз ҷумла гузоришҳои илмии н.и.и., и .в. проф. Тошматов М.Н. дар мавзӯъи “Андухт ва сармоягузорӣ дар шароити саноатикунонии босуръати иқтисодиёти ҶТ”, н.и.и., дотсент Ҷумабоев Х.Қ. “Самтҳои такмили низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир”, н.и.х., и.в. профессор  Икромӣ М.Б.   дар мавзӯи: “Пайвастаҳои фенолии табиӣ дар технологияи истеҳсоли маводи хӯрока, н.и.ф.-м., дотсент Юсупов М.Ч. “Моделрони математикии баҳодиҳии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба хоҷагии қишлоқ”, н.и.т., Ҷалилов Ф.Р. дар мавзӯи: “Истеҳсол ва истифодаи матоъҳои бисёрқабатаи сохторашон дар шакли канду». Баъди баргузории маърӯзаҳои илмӣ дар ҷаласаи ифтитоҳӣ музокира барпо гардид.

Дар нимаи дуюми рӯзи 23.04.2021 ва нимаи аввали рузи 24.04.2021 конференсия кори худро мувофиқи барнома дар бахшҳои зерин идома дод:

Бахши 1. Саноатикунонии босуръати кишвар ва рушди соҳаҳои хӯрокворӣ;

Бахши 2. Такмилдиҳии равандҳои технологии соҳаҳои саноати сабук зимни амалишавии барномаи давлатии саноатикунонии босуръати ҶТ;

Бахши 3. Татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар корхонаҳои саноатӣ;

Бахши 4. Саноатикунонии босуръат – асоси рушди иқтисодию иҷтимоии ҶТ;

Бахши 5. Ҷойгоҳи илмҳои гуманитарӣ дар раванди амалигардонии саноатикунонии босуръати ҶТ.

Баъди ба анҷом расидани кор дар бахшҳои конференсия, дар нимаи дуюми рӯзи 24.04.2021 раисони бахшҳо ҳисобот доданд  ва хулосаю тавсияҳо қабул гардиданд. Бо ҳамин конференсия кори худро анҷом дод.

Суратгузориш аз ҷараёни конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Амалигардонии саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ: проблемаҳо ва роҳҳои ҳалли он”


,

,