Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 10-уми апрели соли 2021 ҷиҳати ободу зебо ва тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи муассиса, инчунин, қитъаҳои вобасташуда бо иштироки устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд. Лозим ба зикр аст, ки то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ нақшаи гузаронидани шанбегиҳо ба тасвиб расидааст ва минбаъд низ корҳои ободонӣ дар ин самт ба роҳ монда мешавад.
Вобаста ба ин, аз натиҷаи корҳои ободонии анҷомдодашуда, дар донишгоҳ ва минтақаҳои вобасташудаи он минбаъд низ маълумотнома пешниҳод мегардад.