Раёсат ва коллективи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019 ва вохӯрӣ бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бахшида ба Рӯзи Дониш – 17 августи соли 2020 дар маросими ифтитоҳи МТМУ рақами 102 дар ноҳияи Шоҳмансур баён намуданд, дар раванди баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир барои соҳаҳои саноат, барои таъмин намудани маълумоти босифат ба омилҳое, ки муайянкунандаи сифати таҳсилот мебошанд, аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия, ҷавобгӯ намудани он ба стандартҳои байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ чандин нақша ва чорабиниҳо андешида, онҳоро зина ба зина амалӣ намуда, мавқеи худро дар фазои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он баланд бардошта истодааст.
Дар чаҳорчӯбаи ин чорабиниҳо 20 январи соли 2021 бахшида ба «Бистсолагии омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудани солҳои 2020 – 2040 семинар – тренинг оид ба “Муайян намудани омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, мушкилотҳо ва роҳҳои бартараф намудани онҳо” баргузор гардид.
Семинар – тренингро бо сухани ифтитоҳи муовини аввал-муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот и.в. профессор Тошматов М.Н., кушода қайд намуд, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мавқеи худ дар фазои байналмилалии таҳсилот дар соли 2020 аз Аккредитатсияи байналмилалӣ бомуваффақият гузашта, ду барномаи таълимӣ ба муҳлати 5 сол ва як барномаи таълимӣ ба муҳлати 3 сол соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалӣ гардид. Тошматов М.Н. қайд намуд, ки яке аз талаботҳои асосии Агентии байналмилалии рейтинг ва аккредитатсия мониторинги мунтазами истифодаи технологияҳои инноватсионии таълим ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, ин раванди фаъолияти ҳайати устодону профессорони донишгоҳ мунтазам мавриди таҳлил қарор дода шудааст.
Дар кори семинар – тренинг устодони варзидаи донишгоҳ ширкат варзида, маърузаҳо ба усулҳои баланд бардоштани сифати таълим бахшида шуда буданд. Ба монанди “Таксономияи Б.Блум ҳамчун усули баҳодиҳии сифати таълим”, “Баланд бардоштани сифати таълим дар заминаи ҳадафҳои таълимии таксономияи Б.Блум дар бахши фанҳои иқтисодӣ”, “Истифодаи усулҳои муосири самараноки таълим барои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ихтисосҳои равияи технологияи маснуоти нассоҷӣ”, “Истифодаи методика ва технологияҳои педагогии муосир барои баланд бардоштани сифати таълим дар омодасозии мутахассисони равияи технологияҳои иттилоотӣ”, “Самаранокии ҳамкории инсон ва компютери фардӣ”, “Омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот аз фанҳои кимиёӣ ва мушкилот дар раванди таълими ин фанҳо”. Дар раванди муҳокимаи маърузаҳо иштирокчиён мавқеи худро нисбати ин ё он усулу омилҳое, ки ба сифати таълиму тарбия таъсирбахш мебошанд, муайян намуданд. Дар раванди ин баҳсу музокираҳо якчанд пешниҳоду андешаҳои тоза ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори зеҳнии донишгоҳ баён гардид.
Семинар-тренинг кори худро ҷамъбаст намуда, ба хулосае омад, ки дар сатҳи кафедраҳои донишгоҳ бо ҷалби кормандони шуъбаи таҳлил ва мониторинги сифати таҳсилоти Департаменти ҷараёни таълим ва идораи сифати таҳсилот дар мавзӯъҳои “Мониторинги истифодаи усулҳои самарабахши таълим” ва “Мушкилотҳои таъмини омӯзиши бефосилаи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳангоми гузариш аз низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таҳсилоти олии касбӣ” мизҳои мудаввар гузаронида шаванд.





