13.01.2021 дар доираи лоиҳаи “Такмили маълумотӣ олӣ дар Осиёи Марказӣ ба воситаи технологияҳои нав HiEdTech”, бо маблағгузории барономаи ERASMUS+ барои мауллимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, аз курси такмили ихтисоси муаллимон оид ба татбиқи технологияҳои таълимии инноватсионӣ дар ҷараёни таълим сертификатҳо супорида шуд.

Мувофиқи нақшаи таълимии тасдиқшуда барои муаллимон оид ба такмили малакаи истифода бурдани воситаҳои ТИК дар вақти гузарондани машғулиятҳо ва коркарди материалҳои таълимӣ-методӣ курсҳо гузаронда шудаанд. Аз ҷумла, оид ба принсипҳо ва технологияҳои кор дар тахтаи интерактивӣ, проектори интерктивӣ, сохтани намоишҳо (презентатсияҳо) ва видеолексияҳо, истифода бурдани платформаи LMS Moodle, курсҳои фосилавӣ ва ҷойгир кардани материалҳои таълимӣ дар контенти ин платформаҳо гузаронда шудаанд.

Аҳрор Ҷафаров ва Баҳодур Мулоҷонов дар ш.Тошкент моҳи феврали соли 2020 оид ба тайёр кардани инструкторҳо курси таҷрибаомӯзӣ гузаштанд. Дар натиҷаи гузаронидани ин курсҳо 5 инструктори лоиҳаи HiEdTech тайёр карда шуданд: Қаюмова Ҳалима, Ризвонова Умеда, Муминов Амрулло, Юсупов Ҷасур ва Абдулҳаминов Мунъим.

Ҳар кадоми инструкторҳо оид ба технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва амсилаҳои дидактикӣ 10-таги муаллимро омӯзонданд.

Дар натиҷаи курсҳои гузарондашуда зиёда аз 50 устодони факултетҳо аз ихтисосҳои гуногун дар бораи бомуваффақият ба охир расидани ин курс сертификатҳо гирифтанд.

.

.
.
.
..
.
.
.