Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти кишвар, санаи 05-уми декабри соли ҷорӣ Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар пайрави аз ин иқдоми бунёдкорона маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор намуд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ Хайриниссо Юсуфӣ – муовини Раиси ҲХДТ, Амонзода Илҳом Темур – Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим – Раиси ҲХДТ дар ш.Душанбе, намояндагони ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, ҳайати омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ширкати фаъолона намуданд.
Дар пайрави аз ин иқдоми созанда аз ҷониби Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон зиёда аз 120 ниҳоли ороишӣ дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шинонида шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки минбаъд низ ҷиҳати ободонӣ ва ба шаҳри сабз табдил додани шаҳри Душанбе дар асоси қарори Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ин иқдоми некро баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад дод.
.
.
.
.
.
.
.