ИШТИРОКИ ФАКУЛТЕТИ ТЕЛЕКОММУНИКАТСИЯ ВА ТАЪЛИМОТИ КАСБӢ ДАР “АКСИЯИ ҲАДЯИ КИТОБ”-и Китобхонаи илмии ДТТ

Факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ дар АКСИЯИ ҲАДЯИ КИТОБ фаъолона ширкат намуда, ба китобхонаи илмии ДТТ 1000 адад китобҳои бадеӣ, соҳавӣ, илмӣ ва сиёсӣ ҳадя намуд. Декани факултет ОЗОДБЕКОВА НАҶМИЯ бо тамоми устодону донишҷӯёни худ бо як масъулияти баланд дар ин чорабинии муҳим ширкат намуданд. Ҷиҳати ҳамкорӣ ва амалигардонии ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат дар аммавигардонии мутолиа ва таъмини онҳо бо адабиёти тозанашр изҳори ташаккур мекунем.