Вохӯрии онлайнӣ оид ба муҳокимаи масъалаи ташкили курси омӯзиши забони аглисӣ дар байни шарикони лоиҳа аз Осиёи Марказӣ

Санаи 17.11.2020 ҷаласаи ҳайати гурӯҳи кории лоиҳаи ELBA дар Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ тариқи онлайн  бо шарикони лоиҳа аз Осиёи Марказӣ оид ба баррасии масъалаҳо марбут ба ташкил ва гузаронидани курси омӯзиши забони англисӣ барои омӯзгорону кормандони самти ТИК-и донишгоҳ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур асосан масъалаи тақсимоти соатҳои дарсӣ, контенти машғулиятҳо, фарогирии курсҳо, гурӯҳбандии кормандон ва тартиб додани ҷадвали баргузории машғулиятҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.