10 ноябри соли 2020, дар толори Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаëқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе. Конференсияи шаҳрӣ таҳти унвони “Савганди Пешвои миллат – савганди мо ҷавонон” баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода А., муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Д.Д., сардори Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Р., раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода И., мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ инчунин волонтёрони фаъол ширкат варзиданд.
Дар конференсия мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Шеров М.Н., 20 нафар донишҷӯён-волонтёрони фаъоли донишгоҳ иштирок намуда, бо сипосномаи дуҷонибаи Комиссияи марказии Интихобот ва Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
.
.