Бо ташаббуси «Маркази интиқоли технологияҳо, таҳсилот ва соҳибкорӣ”-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дастгирии муассисаи давлатии “Маркази миллии иттилооту патент”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорон ва унвонҷӯёни ҷавони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон курсҳои таълимӣ гузаронида мешаванд. Курсҳои мазкур аз ҷониби кафедраи таълимии Маркази миллии иттилооту патент гузаронида шуда, барои такмили дониши омӯзгорони донишгоҳ дар соҳаи патентгузорӣ, ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва саноатӣ, қоидаҳо ва тартиби пешниҳоди дархостҳо барои гирифтани ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ, тиҷоратикунонии ихтироот ва дигар масъалаҳои марбут ба объектҳои моликияти зеҳнӣ равона шудааст. Барномаи таълимии мазкур дар якҷоягӣ бо кафедраи Маркази миллии иттилооту патент таҳия шудааст ва аз 28 соати омӯзишӣ иборат мебошад.