Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар  толори Шурои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Забон ҳамчун рукни асосӣ дар ташаккулёбии давлат бо иштироки  муовинони ректор   профессор   Ғафоров А.А. ва дотсент Юсупова З.Р., сардори Шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфониён Р.Р., ходими калони  илмии  Институти забон  ва адабиёти  ба номи  Рӯдакӣ Ҷамолиддин  Саидзода, д.и.ф. профессор Хоҷамуродов О.Ҳ.,  мудири кафедраи забонии тоҷикӣ, д.и.ф. Шарифова  Г.А., мудирони кафедраҳои донишгоҳ Носиров С. ва Шарифов И., инчунин устодони кафедраи забони тоҷикӣ ва масъулини корҳои тарбиявии донишгоҳ ширкат намуданд. Маърӯзачиён дар мавзӯъҳои мухталиф ва мубрами рӯз баромадҳо намуда, гирди проблемаҳои ҷойдошта суханрониҳо намуданд.    Дар фарҷом  музокира ва хулосабарорӣ карда шуд.

.