Дар қисмати саввуми мустанади телевизионии “Хиёнат”, ки шоми 18 уми июни соли ҷорӣ аз тариқи шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ пахш гардид, аъмоли ҷиноӣ ва касифонаи баъзе журналистони худбохтае мариди баррас қарор гирифт, ки ба хотири пулу сармоя ба Ватану мардуми хеш хиёнат меварзанд ва ҷомеаро бо хабару таҳлил ҳои дуруғин хеш ба тавтеа мекашонанд.

Беномусї пурпусти худбохтагиву беҳуввиятӣ яке аз хислатҳои аслии баъзе аз ба истилоҳ рузноманигорон ба ҳисоб меравад. Ростӣ ё ин нафарон аслан ҳамаи арзишҳои инсониву миллии худро ё аз даст додаанд ё аз ин ки пулу сармояе аз дигарон гирифтаанд ва худро бандаву чокари онҳо намудаанд дигар илоҷе надоранд ба ҷуз аз таҳқир ва тавтеасозӣ дар нисбати сохторҳои давлатӣ. Салимпур мисли иддае дигаре, ки ба хотири ба даст овардани пулу сармоягузорӣ роҳи осони назди созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ бечоранолиро ба роҳ монда аз ин вазъият бо номи расонаҳои озод мехоҳанд пулу сармоя ба даст оваранд онро дунболагирӣ мекунанд. Салимпур марди пурруйест ки барояш як арзиш мавҷуд аст. Бо ҳар роҳ, ки набошад ба даст овардани пулу сармоя барои расидан ба ин ҳадаф ин марди айёши пулпараст аз ҳеҷ қабоҳат руй намегардонад. Дар ҳамаи навиштаҳояш ба дуруғу тавтеа ва ба иснод овардани номи кормандону соҳибмансабони давлатӣ ва мақомот машғул аст. Вақтҳои охир дар расонааш хабару дидгоҳҳоеро пайгирӣ мекунад, ки ҳеҷ гуна асолат надошта бештар назариёти марбути наҳзатӣ мебошад. Шояд Салимпур низ аз “хайрияву эҳсонкориҳои наҳзатӣ” ё сарпарастони “эҳсонкори” наҳзатӣ ки дар хориҷи кишваранд пулу сармояи муайян ба даст оварда бошанд ва яқинан ҷиҳати бароварда кардаи ин гуна сармоягузориҳо аз сарпарастҳои хеш ва махсусан аз роҳбарияти ТЭТ ҲНИ чунин дастуреро дарёфт кардааст, ки бояд ба бадгуиву дуруғпароканӣ нисбати кормандони давлат иштиғол варзад. Пурпустии Салимпур он аст, ки рўйи рост дуруғ мегуяд ва сиёҳро сафеду сафедро сиёҳ баррасӣ менамояд. Ин нафар аз касбияти журналистӣ суистифода намуда, ба хотири даромадҳои муфту ройгон озодии сухан ва тадқиқоти журналистиро ба як дўкон табдил додааст ва ин пешаро бадном намудааст. Воќеан, таассуфбарангезаст вақте журналист ба лухтаки дасти дигарон табдил меёбад ва ба ҳар ишорати онҳо барои болида кардани табъи хоҷагонаш матлаберо дуруст кунад ва бо роҳи паст задан ва таҳқир намудани ҳаммеҳанони хеш ризоияти онҳоро ба даст орад.  Ростӣ барои чунин нафарон қалам ва рисолати журналистӣ ба василаи дукон табдил ёфтааст ва ин гуна нафарон нафаронеанд, ки ба касби пуршарафи журналистӣ иснод овардаанд ва ҳамаро ба дукони манфияту даромад табдил додаанд. Барои ин гуна нафарон рисолати журналистӣ ки воқеънигорӣ буд ба баръакси хеш табдил ёфта ва он ба шеваи таҳқир дуруғпардозӣ ва мағзшӯӣ табдил ёфтааст. Инҳо гоҳҳо корҳоеро анҷом медиҳанд ки бадтар аз шеваҳои даҳшатафканиву ифротгароӣ аст. Инҳо воқеан бо ахбори дуруғу насанҷидаи хеш ва тавтеапардозиашон террори ақидатиро дар расонаҳои гуруҳҳии хеш роҳандозӣ менамоянд. Воқеан ахбори дуруғ ба монанди  ғизои заҳрогинест, ки зеҳнҳоро харобу коста менамояд ва андешаҳоро масмум мегардонад. Таассуфбарангез аст вақте журналист худбохта мешавад ва ҳама чизро махсусан интишори хабару матолибро аз ин зовия арзишгузорӣ мекунад. Бояд эътироф кард, ки журналист ҳам инсон аст ва он ҳам нафс дорад. Вале як чиз мусаллам аст, ки журналист бояд дарк намояд ки хабару матолиби иғвобарангези ӯ метавонад садҳо нафарро гумроҳ созад ва ҷомеаҳоро ба изтироб орад ва сабаби бадбахтиву нооромии кишварҳо гардад Инҳо намеандешанд, ки  ҷомеаро ноустувор кардан саҳлу содда аст. Вале дубора онро ба низом даровардан корест басо мушкилу сангин. Чунин воқеиятро миллати тоҷик солҳои 90 уми асри гузашта аз сар гузаронидааст. Он замон низ иддае аз рузноманигорон огоњу ноогоњ,бидуни андешаи натиҷагирӣ аз фаъолияти хеш махсусан бо роҳи душмантарошиву бадгӯӣ ҳамаро яксара мавриди таҳқир қарор доданд ва натиҷатан ҷомеаро ба ҳараҷу мараҷ савқ доданд. Мутаассифона барои бархе аз журналистон ин дарси ибрат нагардид ва то ҳануз аз ин шеваи зиёновару хашин бар суди хеш барои дастёбӣ ба пулу сармояи муфт ин амали нангини хешро идомат мебахшанд. Намеандешанд, ки аъмоли қаблии онон ҷомеаро сахт музтариб кард ва сабабгори бадбахтӣ ва қатлу куштори мардум гардид. Натиҷаи ҳамаи он на бар суди миллат, балки бар зиёни он анҷомид ва даҳсолаҳо кишварро дар баробари кишварҳои ҳамҷавор аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ба оқиб бурд. Ҳануз захмҳои он замон пурра шифо наёфтаанд ва ҳануз асари он ҳаводиси шуму нангин дар баданаҳои иҷтимоӣ эҳсос мегардад.