Чанд  рӯз аст, ки дар тамоми гӯшаву канори кишвар  дар бораи барномаи телевизионии “Хиёнат” сару садоҳои зиёде  рафта истодааст. Дар ин барнома оид ба баъзе амалҳои ғайриинсонии як гурӯҳи фасодкор  ва беватан  сухан меравад.  Вақте ба маводи намоишии барнома таваҷҷуҳ менамоед, дар ҳайрат мемонед, ки ин кишвари дар тӯли таърих ҷангдидаву заҳматкашида  чӣ гуна инсонҳои хиёнаткору хиёнатпешаро дар рӯи замини поку мубораки худ парварида, нон дода, мактаб хононда, касб омӯхтааст ва ин фарзандони нохалаф дар ин сарзамин, ҷавоб ба меҳрубониҳои Ватан ба чӣ амалҳои нангину даҳшатангез даст задаанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар кӯчаву бозор ин амалҳои шармовар ва ваҳшатзои ин гурӯҳҳои сияҳкорро ба забон оварда, аз даргоҳи Худованд талаб менамоянд, ки ба ин рафтору кирдори  даҳшатноки онҳо  ҷазои сазовореро расонад.  Ҳарчанд кӯшиш менамоям, ки номи ин тоифаи ҷиноятпешаро ба забон орам ва ё дар рӯи саҳфаи электронӣ сабт намоям, вале дастам ба ин кор мададе намекунад, зеро ин амалҳои онҳо дар ягон варақ ё саҳифаи дафтаре ё китобе намеғунҷад. Мутаассифона, онҳо аз номи дини мубини ислом сухан мекунанд ва боз васвасаҳои худро дар асоси оёту ҳадисҳои муборак  изҳор менамоянд. Онҳое, ки дирӯз дар селоби фисқу фасод ғарқ буданд, имрӯз каломи мубораки Оллоҳро ба забон оварда, аз худ инсонҳои поку батақво метарошанд.  Дар асл онҳо ба амалҳое даст задаанд, ки инсони рӯи дунё ба кулли онҳо нафрат мехонад.

Мутаассифона, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯи рафтору гуфтори ноҷавонмардонаи онҳо моро мешиносанд ва ба мардуми шарифи тоҷик бо нигоҳи нафрат менигаранд.  Онҳо   ба минбарҳои баланди созмонҳои   байналмилалӣ бо роҳҳои фиребу найранг роҳ ёфта, аз он баландиҳо нисбати миллати худ танҳо нафрату зиштӣ  баён мекунанд.  Бояд таъкид намоем, ки дигар онҳо ҳақ надоранд аз номи миллати тоҷик сухан гӯянд. Зеро онҳо ҷуз туҳмату бадгӯиҳо ба мардуми ин сарзамин фоидае намеоранд ва дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ миллати моро сархаму шармсор месозанд.

Чанд моҳ аз воридшавии вабои аср ба Тоҷикистон сипарӣ мешавад ва  ҳанӯз Тоҷикистони азизи мо дар зери панҷаи вабои аср бисёр азизонашро аз даст дода истодааст,  Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ  ба масъалаи ниҳоят барои мардум имрӯз ноҷо , яъне  барканории ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ба миён мегузорад.  Вале чун барномаи телевизионии “Хиёнат”-ро мебинем, мефаҳмем, ки ин ҷоҳилон дар ҳар гӯшаву канори дунё бо баҳонаи ҳар мавзӯъ мардуми тоҷикро шарманда мекунанд ва дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро  як сарзамини вайрону валангор нишон медиҳанд.  Онҳо хостори ҷанги шаҳрвандӣ ва хунрезиҳои навбатӣ мебошанд   ва ба қавли  Собир Валиев, узви пешини “Гурӯҳи 24”, ки ҳоло дар Тоҷикистон қарор дорад,  “Кабирӣ мардуми Тоҷикистонро ба инқилобе даъват дорад, ки метавонад ҷумҳуриро бори дигар ба хунрезӣ кашонад”. Баъди барномаи телевизионии “Хиёнат” шояд Кабирӣ аз суханону даъватҳои бемантиқи худ пушаймон шуда бошад. Ин нукта хеле муҳим ва қобили эътироф аст, ки мардуми дар хона нишаста, интизор он мебошанд, ки кай  ин вабои аср чизу чорашро аз кишвари мо бармегираду ба самти нестӣ роҳ мегирад. Агар мардум аз пайи даъвати Кабирӣ роҳ гиранд,  он гоҳ ду-се бедарду беватан аз кадом кунҷу каноре сар боло мекунаду мардуми аз муҳоҷират мондаро ваъдаҳои ҳангуфти афсонавӣ ваъда карда, аз нав ҳамаро ба майдону бозорҳо ҷамъ мекунад. Дар ҳоле ки баъзе аз ҷонибдорони Кабирӣ дар саҳифаҳои Фейсбук ба сафсатаҳои ӯ лайк монда, бо ин амали бехирадона худро дар назди Худои азза ва ҷалла мусулмони тоза ва боимон муаррифӣ мекунанд. Намедонанд, ки Кабирӣ бо ҷумлаи ҷонибдоронаш ба корҳои фисқу фуҷур ном баровардааст.  То ҳол азизоне, шояд беэҳтиётии мо муосирон ҷони азизашонро аиаз даст доданд, барои Кабирие, ки бо зиндагии тинҷ ва беҳдошти боэътимод сафсатахонӣ мекунад, ибрате нашуда, хулосаеро ба бор наовардааст.   Сомонаҳои иҷтимоӣ ба  ин сафсатаҳои Кабирӣ бовар карда, мекӯшанд бо ҳар роҳ норозигии мардумро дар ин самт ба вуҷуд оранд, вале хали тоҷик ҳаргиз онҳоро фаҳмидан намехоҳад. Кабирӣ қайд менамояд, ки “Ҳамагон дарк карда истодаанд, ки раҳбарияти имрӯзаи Тоҷикистон аз лиҳози зеҳнӣ, тавонмандии фикрӣ ва шояд ҳатто саломатӣ қудрати дар оянда идора кардани кишварро надошта бошад”. Мо дар ҳайрат мемонем, ки Кабирӣ ё худро ба нодонӣ мезанад ва ё фикр мекунад, ки мардум аз вазъи ҷаҳон огоҳ нестанд, ки инони сиёсати ҷаҳонӣ аз дасти тамоми роҳбарони аввали кишварҳо рафтааст ва танҳо кишварҳое, ки саломатии мардумро барқарор намуданд, аз нав фишангҳои сиёсатро ба даст оварда истодаанд. Ягон мухолифи кишварҳои дигар  бад ин берӯӣ дар сари аҳолии бемор сафсатагӯи кард,  мардумро ба ҷангу табпаддулот мехонад, ба ҷуз Кабирӣ ва пайравони ӯ.

 Кабирӣ бо ин сафсатаҳо мехоҳад, мардуми шарифи тоҷикро гӯл занад ва бешармона менигорад, ки: “Ман дар Тоҷикистон будам ва ҳеч вақт ба инқилоб даъват намекардам. Умед доштам, ки ҳукумат ислоҳшаванда аст. Имконияти суҳбат карданро бо ҳукумат доштем. Дар се моҳи охир ҳукумати Тоҷикистон нишон дод, ки қобили ислоҳ нест ва ҳарфи тарафи муқобилро намешунавад”. Он замон манфиатҳои шахсӣ, мошини хидматӣ, моҳонаи калон, бозори дарихтиёрдошта ба шумо имкон намедод, ки андешаҳои ислоҳотхоҳонаи худро аз минбари парлумон изҳор созед. Акнун он мафаатҳо шуморо тарк карданд ва мехоҳед инқилобе баргузор шаваду шуморо болонишин созад.

 Дар асоси маводи  барномаи телевизионии “Хиёнат” барои Кабирӣ ва соири пайравони ӯ бо чунин дилу ният ҳуқуқи нафас кашидан аз ҳавои Ватанро надоранд  ва ин   вазъияти зиддикабирии кишвар , ки барои дарки он Кабирӣ имкони воқеӣ  надорад, ягона роҳ ин гурӯҳро аз ҳуқуқи баргаштан ба Ватанро надода, ҳар чи бештар масъалаи аз тамоми созмонҳои байналмилалӣ дур кардани онҳоро тезондан лозим аст. Имрӯз барои мардуми кишвари мо зарур аст, ки пеш аз ҳама аз вабои аср халос шавад ва ба сафсатаҳои онҳо дар фазои иттилоотии кишвар роҳ набояд дод.  Бояд мо чун узви ҷомеаи ҷаҳони имрӯз муттаҳид шуда, худро дар канор не, балки дар мавқеи муҳими ин мубориза бар зидди ин гурӯҳи сияҳкор  қарор диҳем. Он вақт мо ба ҳадафҳои волои худ хоҳем дастёб шуд. Ҷанг ё инқилобе, ки Кабирӣ онро чун сақичи куҳна хоида мегардад, на фақат миллати мо, балки аҳолии минтақаи Осиёи Марказиро дар хатар хоҳад гузошт. Имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат тадриҷан кишварро аз ин вабои аср наҷот дода истодааст ва баъди ин барнома мардуми тоҷик худ ва бо ақлу заковати азалии худ аз вабои дигари аср “Кабирӣ ва ҷонибдоронаш”  халос хоҳад шуд. Гузориш ва  суханрониҳои  Пешвои миллат дар дили мардум шамъи умеду орзу ва наҷоти сартосарариро фурӯзон менамояд.