Тибқи  ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмуни анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми январи соли 2020, АП-1332 тасдиқ шудааст, санаи 18-уми марти соли 2020 дар донишгоҳ даври аввали озмуни “Чакомаи гесу” баргузор гардид. Дар озмуни мазкур муовини ректор оид ба тарбия Юсупова З.Р. мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Maқомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Кузибоева 3ухро, мудири кафедраи забони ДТТ, доктори илмҳои филологӣ  Шарипова Гулистон, намояндагони сохторҳои донишгоҳ ва иштирокчиёни озмун аз ҳар як факултет ширкат варзиданд.

Сараввал озмунро муовини ректор оид ба тарбия Юсупова Зарина Розиқовна ҳyсни оғоз бахшида, аъзоёни ҳакамонро баҳри иштирокчиёни озмун шинос намуд. Сипас тибқи талаботи низомномаи озмуни мазкур иштирокчиён бо навбат маҳорату истеъдоди худро ба аъзоёни ҳакамон пешкаш намуданд.

Мавриди зикр аст, ки довталабон тавонистанд бо истеъдоди хуби фикри ва маҳорати ҳунармандӣ дар озмун фаъолона ширкат варзанд. Иҷрои ин амал тавонист дар шинохти мақому манзалати ҳунари машшотагӣ, либосҳои тоҷикӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли намудҳои гуногуни матоъҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас, шоҳӣ, чакану алоча, гулбасту чит, токӣ ва ғайра мусоидат намояд. Дар озмун ҳунари волои машшотаҳо дар ороиш ва мӯйбофии миллӣ тавассути намоиши расму оинҳои неки аҷдодӣ, аз қабили саршӯёну арӯсбаpорон, муйбофону зулфандозӣ, ҷамолакбандию майдабофӣ ба қазовати ҳайати ҳакамон ва ҳозирин вогузор карда шуд.

Зимни баҳогузорӣ ба тарҳи духти либоси иштирокдорон, ҳамчунин ба санъати истифода аз маводи зиннатдиҳанда, аз қабили марҷон, дастпона, сарпӯш, гўшвора ва ғайраҳо таваҷҷуҳи хосса дода шуд.

Иштирокдорони озмуни «Чакомаи гесӯ», ки аксаран духтарону бонувони дорои муйҳои дароз ва зебою ороёфта буданд, бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ саъй намуданд, ки табиати биҳиштосои Тоҷикистон, либосу ороишоти миллии занона ва фарҳанги волои рақсу суруди тоҷикиро манзури бинандагон намоянд.

Дар ҷамъбаст ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.