Санаи 13-уми марти соли равон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон семинар машварат бахшида ба ифтитоҳи фаъолияти «Маркази интиқоли технологияҳо, таҳсилот ва соҳибкорӣ Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» гузаронида шуд.

Дар семинар директори офиси GIZ Сабине Ольтхоф, намояндагон аз КВД “Хӯрокворӣ”, Палатаи савдо, Маркази миллии патентию иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, инчунин, корхонаҳои саноати истеҳсоли хӯрока ва саноати сабук, ҳайати профессорону омӯзгорони факултетҳои ДТТ иштирок варзиданд.

Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ аз номи ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимотӣ н.и.ф.-м., дотсент Юсупов М.Ч. кушода эълон карданд ва кулли меҳмононро хайрамақдам гуфтанд ва зикр карданд, ин иқдоми ДТТ байни МТОК ҶТ аввалин буда, боварии комил дорем, ки Маркази мазкур он мақсад ва вазифаҳои дар наздаш гузоштаро сарбаланд ва босифат иҷро мекунад.

Зимни баромад сардори «Маркази интиқоли технологияҳо, таҳсилот ва соҳибкорӣ» Баҳроми Толиб қайд намуд, ки ташкил намудани чунин марказ дар ДТТ як иқдоми нек буда, дар оянда дар ҷорӣ намудани лоиҳаю коркардҳои илмӣ дар амал татбиқ намудани он дар корхонаҳои саноатӣ, инчунин таъмин намудани донишҷӯён бо ҷои кор, дастгирии ихтироъкорон дар соҳиб шудан бо патенти ихтироъкор, алоқаи зич пайдо намудан байни корхонаҳои саноатӣ ва донишгоҳ роли муҳимеро мебозад.

Ҳозиринро бо нақшаи фаъолияти Марказ ва натиҷагирӣ аз он шинос намуд.

Сардори идоракунии экспертизаи ихтирооти давлатӣ ва намунаҳои соҳаи саноат, маркази миллии патентию иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Баҳодур баромад намуда, оид ба дастгирӣ намудани ихтироъкорон дар ҳуҷҷатгузорӣ ва соҳиб гардидан ба нахустпатент оид ба коркарди нави технология ёрии амалӣ мерасонад. Пешниҳод намуд, ки барои пеш бурдани кори

Марказ мутахассисони патентшинос, ҳуқуқшиносон ва маркетологҳо ба кор ҷалб карда шаванд.
Декани ФМТ н.и.т., дотсент Ҳакимов Ғ.Қ. оид ба пояи моддию техникии озмоишгоҳҳои таълимию илмии факултет, саҳми GIZ дар мукаммалшавии он, дастовардҳои илмию тадқиқотии ҳайати омӯзгорони факултет ва масъалаҳои мубрами ба миёномада, маърӯза карданд. Инчунин ба ташкилоти байналмилалии GIZ барои саҳми муассирашон сипосгузорӣ карданд.

И.в. мудири кафедраи ТИМХ ба номи Қурбонов И.И. н.и.т., дотсент Хушматов А.Т. дар доираи коркардҳои илмии кафедра маърӯза кард.
Муовини раиси Корхонаи воҳиди давлатии “Хӯрокворӣ” Саидов М. баромад намуд ва қайд кард, ки корпоратсия дар навбати худ фаъолияти ин Марказро дастгирӣ менамояд ва дар амал татбиқ намудани коркарди технологияҳои нави муосир, саҳми худро мегузорад.

Наима Норматова иҷрокунандаи вазифаи директори иттифоқи рушди корхонаҳои хусусии Тоҷикистон низ, ин иқдоми неки ДТТ-ро оид ба кушодашавии чунин Марказ дастгирӣ намуд ва қайд кард, ки корхонахои хурди саноатии Тоҷикистон дар навбати худ ба пешравии фаъолияти Марказ саҳми худро мегузорад.

Дар анҷоми кори семинар тамоми иштирочиёнро муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимотӣ н.и.ф.-м., дотсент Юсупов М.Ч. барои иштироки фаъолашон дар кори семинар сипсогузорӣ карданд.
Инчунин, дар музокираю мубоҳиса Ҳакимов Ғ.Қ., Қурбонов И.И., Саидов Б., Назаров Б., Наима Норматова фаъолона иштирок карданд.