Бахшида  ба сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти ҶТ  ва Наврӯзи байналмилалӣ   санаи 14 – 15 марти  соли 2020 шанбегӣ ва якшанбегӣ   дар Донишгоҳ ва минтақаҳои вобасташуда  гузаронида шуд.

Бояд қайд намуд, ки  дар донишгоҳ нақшаи гузаронидани шанбегиҳо ба тасвиб расидааст. Дар ин маъракаи ободонӣ санаи 14 – 15 марти  соли 2020  зиёда аз 200 нафар омӯзгорони факултетҳо ва кормандони ёрирасони донишгоҳ иштирок намуда, ҷуйбори обравро тоза карда бехи дарахтонро нарм намуданд ва роҳравҳоро рубучин намуданд. Дар хобгоҳи донишгоҳ низ корҳои ободонӣ вусъат ёфтанд.

Инчунин, санаи 14.03.2020 зиёда аз 100 нафар донишҷӯёну кормандони донишгоҳ дар маҳалаи 65-и ноҳияи Фирдавсӣ дар назди биноҳои серошёнаи истиқоматии кучаи Фирдавсӣ 27/4 шанбегӣ гузарониданд.

50 нафар донишчуёни гуруҳи волонтёрии “Эко+” бо роҳбарии шуъбаи ҷавонони донишгоҳ дар боғи Ғалабаи ш. Душанбе дар ҳашари умумишаҳрӣ иштирок намуданд.