Дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баҳри расонидани паҳлуҳои мусбию манфии истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ ва дурст ба роҳ мондани зиракии сиёсӣ, мизи мудаввар таҳти унвони “Ғайримақсаднок истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ – хатар ба мафкураи ҷавонон” барпо гардид.

Дар мизи мудаввар масъулони корҳои тарбиявии донишгоҳ, мудири бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Фирдавсӣ Шокирзода М., декани факултети иқтисодиёт ва молия Сатторов А.А., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши донишгоҳ Шеров М.Н., роҳбари Шӯрои донишҷӯёни донишгоҳ Алимардонов Ш.Р., роҳбари маҳфили волонтёрии “Эко+” Саидзода Б. ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар мизи мудаввар оиди паҳлуҳои мусбию манфии тори анкабут иттилои мушаххас дода шуд. Шокирзода М. ҷиҳати амнияти иттилоотии хеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сухан намуда, ҷавононро барои худдорӣ намудан ва пайваст нашудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ даъват намуд.

Ҳамзамон дар доираи барномаи тасдиқгардида мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шеров М.Н., роҳбари Шӯрои донишҷӯён Алимардонов Ш.Р. ва сардори Шӯрои донишҷӯёни факултети иқтисодиёт ва молия Зафарҷони И. вобаста ба муҳтавои мизи мудаввар маърӯзаҳои хешро ироа намуданд.

Дар қисмати музокирот донишҷӯён фикру ақидаҳои хешро баён намуда баҳри нигоҳдории амнияти иттилоотии хеш моҳияти маърӯзаҳои гуфташударо сармашқи кори худ қарор медиҳанд.